расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Манбаъҳо: Ёдгор Файзов аз вазифаи раиси ВМКБ барканор мешавад

Сиёсат / Ҷомеа

Манбаъҳо: Ёдгор Файзов аз вазифаи раиси ВМКБ барканор мешавад

Ду манбаъ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз мақомаш озод мешавад. Худи Файзов барканориашро тасдиқ ё рад накард, аммо манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, хабари тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Бадахшон баъд аз зуҳри имрӯз, 5-уми ноябр, эълон мешавад.
Ёдгор Файзов, ки аз моҳи октябри соли 2018 раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошад, дар тамоси кутоҳ ба Радиои Озодӣ дар бораи барканориаш чизе нагуфт. Файзов ҳудуди се сол пеш дар пайи интиқоди тунди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи таъмини амният дар ВМКБ, раиси ин вилоят таъйин шуда буд. Пеш аз ин ӯ раиси Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон буд. Файзов дар ҳодисаҳои соли 2012 дар шаҳри Хоруғ миёнрави байни ҳукумат ва фармондеҳони минтақа буд.
Ёдгор Файзов 60 сол дошта, дар баробари раиси ВМКБ ҳамчунин муовини раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон аст. Файзов зодаи деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон буда, Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси байтор хатм кардааст. Корро дар солҳои Шӯравӣ аз озмоишгоҳи байтории ВМКБ шурӯъ карда, баъдан ба соҳаи комсомол гузаштааст.
Мақомот то ҳол расман аз тағйири кадрӣ дар ҳукумати вилояти Бадахшон хабар надодаанд. Ва ҳануз маълум нест, ки ҷойгузини Ёдгор Файзов дар ин мақом кӣ хоҳад буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.