расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Зиндониёни озодшуда гуфтанд, ки дар маҳбас ба Навалний фишор меоранд

Сиёсат / Ҷаҳон

Зиндониёни озодшуда гуфтанд, ки дар маҳбас ба Навалний фишор меоранд

Зиндониёни пешини маҳбаси Покров Нариман Османов ва Евгений Бурак, ки дар як даста бо Алексей Навалний адои ҷазо кардаанд, дар суҳбат бо телевизиони «Дожд» гуфтанд, онҳоро маҷбур кардаанд, ки дар фишор ба Навалний ширкат кунанд.

Османов нақл кард, дастае, ки онҳо онҷо адои ҷазо карданд, махсус ба хотири Навалний ташкил шуда буд. Вай гуфт, ҳамаи маҳбусон дастур гирифта буданд, ки бо Навалний суҳбат накунанд ва ҳар қадами ӯро сабт намоянд. Евгений Бурак дар суҳбат бо «Дожд» гуфт, ҳамеша на камтар аз 10 одам дар паҳлуи Навалний қарор дошт ва ҳатто дар ҳоҷатхона низ ӯро танҳо намегузоштанд. Бурак гуфт, ҳамдастаҳо талош мекарданд, ки Навалнийро ба ҳамла ба яке аз онҳо водор кунанд, аммо Навалний ба иғво дода нашуд.

Ба иттилои Османов, дар маҳбас филмеро барои бадномсозии Навалний нишон доданд. «Муҳтавои филм аз он иборат буд, ки Навалний „ҳамҷинсгаро“ аст», — нақл кард маҳбуси пешин. Евгений Бурак ҳам ин маълумотро тасдиқ кард.

Алексей Навалний, муаллифи чанд таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи фасодкорӣ дар раддаҳои аввали ҳукуматдорони Русия аст, ки моҳи январи соли ҷорӣ боздошту ҳабс шуд. Пештар аз он, дар моҳи августи соли 2020 вай заҳролуд шуда буд. Навалний мегӯяд, ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия ӯро заҳролуд кардааст. Навалнийро барои табобат ба Олмон бурда буданд ва ба маҳзи баргаштан ба Русия мақомоти рус ӯро боздошт карданд. Вай дар асосии як парвандаи пешин, ки дар гузашта шартан аз зиндон озод шуда буд, ҳабс шуд.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.