расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » АЗ ҲАМА НАРХИ БАЛАНДИ БЕНЗИНУ СОЛЯРКА ДАР ТОҶИКИСТОН БУДААСТ

Ҷомеа / Иқтисодиёт

АЗ ҲАМА НАРХИ БАЛАНДИ БЕНЗИНУ СОЛЯРКА ДАР ТОҶИКИСТОН БУДААСТ

Агентии давлатии танзими зиддимонополии вазорати иқтисод ва молияи Қирғизистон шарҳи нархи маҳсулоти нафтӣ дар кишварҳои узви ЕАЭС ва Осиёи Марказӣ, ба истиснои Туркманистонро ба ҳолаӣти рӯзи 4 ноябри соли 2021 нашр кард.
Бар асоси ин санад, бензину соляркаи аз ҳама арзон дар Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон ва аз ҳама қимат дар Тоҷикистон будааст.
Аз ҷумла нархи як литр бензини навъи АИ-92 дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 84,5 сом (11 сомонию 20) дирам ва дар Қазоқистон 36,9 сом, яъне 2,4 маротиба арзонтар аз Тоҷикистон будааст. Ҳамин тавр, бензини АИ -95 ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 86,8 сом, ё 11 сомонию 50 дирам арзиш доранд. Барои муқоиса, як литр бензини АИ-95 дар Қазоқистон 41,9 сом, ё 2 маротиба арзонтар аз Тоҷикистон нарх дошта, солярка– 56,5 сом, ё 70% арзонтар аз Тоҷикистон аст.
Қазоқистон, албатта, яке аз кишварҳои бузурги содиркунандаи маҳсулоти нафтӣ дар минтақа аст ва сабаби чунин арзон будани нархи сӯзишворӣ дар ин кишвар қобили фаҳм аст.
Вале Қирғизистон мисли Тоҷикистон қариб тамоми маҳсулоти нафтии барояш лозимро аз хориҷ ва асосан аз Қазоқистону Русия мегирад. Ва бо ин вуҷуд нархи бензину солярка дар Қирғизистон низ нисбат ба Тоҷикистон хеле арзонтар будааст.
Барои муқоиса, як литр бензини АИ-92  дар Қирғизистон стоит 58,1 сом аст, яъне 26,4 сом, ё тақрибан 45% арзонтар аз Тоҷикистон. Нархи АИ-95 ва солряка ҳам дар Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон 25,9 ва 33,2 сом, ё мутаносибан 43% ва 62% аз Тоҷикистон арзонтар мебошад.
Мақомоти Душанбе дар шарҳи болоравии нархи сӯзишворӣ боло рафтани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва дар кишварҳои содиркунандаро далел меоранд. Вале онҳо фаҳмонда наметавонанд, ки пас чаро дар Қирғизистон, ки мисли Тоҷикистон конҳои нафту газ надорад ва асосан аз Русияву Қазоқистон сӯзишворӣ ворид мекунад, нархи фурӯши бензину солярка нисбат ба Тоҷикистон аз 43% то 62% арзонтар тамом мешавад? Шояд мушкил дар он чанд ширкати пуштибонҳояш “ҷудо зӯр” бошад, ки бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистонро монополия кардаанд ва ягон идораи давлатӣ маҷол ва ҷуръати лаҷом задани иштиҳои қозгири онҳоро дигар надорад?

Средние сравнительные цены на ГСМ в государствах-членах ЕАЭС и в соседних государствах

Средние сравнительные цены на ГСМ в государствах-членах ЕАЭС и в соседних государствах по состоянию на 4 ноября т.г., сом/л (по курсу НБКР на 4 ноября 2021 года)
 КыргызстанКазахстанРоссияБелоруссияАрменияТаджикистанУзбекистан
Аи-9258,136,956,269,488,784,572,8
Аи-9560,942,961,872,992,386,876,8
Дт53,656,561,772,987,086,876,0
В Российской Федерации применяется Демпфирующий механизм, который помогает регулировать топливный рынок. Если экспортные цены на бензин и дизельное топливо выше условных внутренних, то государство компенсирует производителям часть этой разницы. В обратном случае нефтекомпании перечисляют разницу в бюджет. Эксперты отмечают, что это помогает сдержать рост цен на внутреннем рынке.
В Республике Казахстан добывается нефть и перерабатывается на собственных нефтеперерабатывающих заводах, что позволяет покрыть потребности республики в бензине. А часть потребности по дизельному топливу (около 30%) страна покрывает за счет импорта, в основном, из России. Поставки нефти на НПЗ Казахстана осуществляются по себестоимости, а не по рыночной цене.
В Белоруссии имеется 2 крупных НПЗ, с контрольным государственным пакетом акций: «Мозырский нефтеперерабатывающий завод» и ОАО «Нафтан». Производственная мощность данных НПЗ покрывает потребность республики в нефтепродуктах. Кроме того, республика экспортирует нефтепродукты. В 2020 году объем экспорта составил 8,49 млн. тонн.
Армения импортозависимая страна, как и Кыргызстан. В 2020 году объем импорта в Армении увеличился на 20,5%. Основные импортеры Армении: Россия – 69%, Иран – 23,3%.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.