расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Президент гуфт: Ба мардум барқ ва гармӣ диҳед!

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Президент гуфт: Ба мардум барқ ва гармӣ диҳед!


Беш аз як моҳ аст, ки сокинони деҳоти Тоҷикистон аз камбудии нерӯи барқ танқисӣ мекашанд. Маҳдуд шудани реҷаи додани барқ дар баъзе минтақаҳои кишвар мардумро ба таҳлука андохтааст, ки боз “лимит” сар шуда, мисли солҳои пешин шабҳои сарду торики зимистонро дар назди чароғи бобоӣ дир-дир ларзида саҳар хоҳанд кард, аммо...

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни як машварати корӣ қатъиян ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор супориш додааст, ки барои зимистонгузаронӣ тайёрии ҷиддӣ дида, мардумро бо барқ, гармӣ ва маводи ғизоӣ ба пуррагӣ таъмин намоянд.
Тибқи маълумоти дафтари матбуоти раиси ҷумҳур дар машварати корӣ вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, Президент ба Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омодабошӣ барои зимистонгузаронӣ дастур додааст.
Дар хабар омадааст, ки ҳамзамон раиси ҷумҳур барои захираи маводи хӯрокаю сӯзишворӣ ва таъмини аҳолию муассисаҳои иҷтимоӣ бо барқ ва гармӣ супоришҳои мушаххас дод.
Президент таъкид намудааст, ки тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобӣ албатта ба зиндагии мардум бе таъсир намемонад, аз ҳамин хотир маводи ғизоиро захира намуда, сарфакорона истифода бурдан лозим аст. Роҳбари давлат ба хотири пешгирии исрофкорӣ дастур додааст, ки аз гузаронидани маъракаҳои серхароҷот даст кашида, қонуни танзимро риоя намоем.
Ёдрас мешавем, ки нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар то рафт боло рафта истодааст ва айни замон як халта орд бо қимати 300-320 сомонӣ, 5 литр равған-120 сомонӣ, як килограм шакар 10 сомонӣ, як килограм биринҷ 15-18 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар бораи гӯшт, тухм, қанду ширинӣ ва мағзу мавиз ҳоҷати гап ҳам нест. Ба таври мисол як кило писта ё бодом бо қимати аз 100 сомонӣ боло фурӯхта мешавад ва на ҳар оила имкони харидориашро дорад. Тавре ки мӯйсафедон мегӯянд, камбағалон кайҳо дандони гӯшт ва пиставу бодомхӯриашонро канда партофтаанд, вале аҷибаш он аст, ки ба қиматии нарху наво нигоҳ накарда, ҳамоно тӯю маъракаҳо боҳашаммат ва дакаданг мегузаранд. Қимати роҳкиро низ баъди 10-ноябр боло рафта, кашидани аробаи зиндагӣ боз ҳам душвортар хоҳад гашт, аз ҳамин хотир мо аз мардуми меҳнатқарин ва меҳмондӯсти тоҷик хоҳиш мекунем, ки ба исрофкорӣ роҳ надода, аз гузаронидани маъракаҳои серхароҷот даст кашанд. Меҳмоннавозӣ албатта хуб аст, вале ба хотири як рӯзи хурсандӣ худро зери қарзу қавола монда, баъдан аз камбуди иқтисодӣ азият кашидан кори оқилона нест. Ба ҷойи ризқу рӯзии фарзандонатонро ба даҳони дигарон андохтан маводи хӯрока захира намоед, тоаҳли хонаводаатон дар фасли сарди зимистон азият накашанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.