расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » АЗ ПУШТ БА САРАШ ЗАД… ҲАМЛА БА ХАБАРНИГОРИ “ОИЛА” ДАР ДУШАНБЕ

Ҷомеа / Ҳаводис

АЗ ПУШТ БА САРАШ ЗАД… ҲАМЛА БА ХАБАРНИГОРИ “ОИЛА” ДАР ДУШАНБЕ

Т.А., хабарнигори медиа-ҳолдинги “Оила” рӯзи 2 ноябр, тақрибан соати 13 дар назди бинои корхонаи табъу нашри “Шарқи озод” (маъруф ба ГЖК), ки дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе дар байни бинои Сирки Тоҷик ва пули “Текстил” ҷойгир шудааст, ҳадафи ҳамлаи нафари ношинос қарор гирифтааст.
Дар ин бора сомонаи Пресса.Тҷ, ки низ ба медиа-ҳолдинги “Оила” тааллуқ дорад, хабар дод.
Нашрия гуфт, ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот номи ҷабрдидаро нашр намекунад.
Бино ба гузориши нашршуда, Т.А. тахминан соати 13:00 дар саҳни ҳавлии ГЖК гаштугузор дошт.
“Шахси номаълуме аз пушти сари ӯ зарба мезанад. Бар асари зарбаҳои ҳамлагар Т.А. осеби ҷисмонӣ мебинад, оринҷҳои дастонаш ва биниаш хуншор мешаванд ва дар ҳолати ниммадҳушӣ қарор мегирад. Шахси номаълум пас аз ин, телефони афтодаи Т.А.-ро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад”, хабар додааст Пресса.Тҷ.
Бино ба иттилои нашрия, кормандони милитсияи шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ин қазияро тафтиш мекунанд.
Пресса.Тҷ ёдовар шудааст, ки аксари нашрияҳои кишвар дар Комплекси табъу нашри “Шарқи Озод”, як муассисаи тобеи дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон қарор доранд ва ин биноро муҳофизон посбонӣ мекунанд. Ҳамчунин, дар гирду атрофи ин бино камераҳои назоратӣ насб шудааст. “Вале чӣ гуна ин ҳодиса аз назари онҳо пинҳон монд, норавшан аст”, менависад Пресса. Тҷ.
Медиа-ҳолдинги “Оила” ба Шарифи Ҳамдампур марбут буда, нашрияҳои “Тоҷикистон”, “Оила”, сомонаҳои Пресса.Тҷ ва Оила.Тҷ ва ҳамчунин ширкати таблиғотии “Тайрон”  ба он тааллуқ доранд. Дар ҳоле ки ҳафтаномаи “Тоҷикистон” маводи ҷиддӣ нашр мекунад, ҳафтаномаи “Оила”  бештар дар бораи моҷароҳои оилавӣ мақола менависад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.