Риши намунавии Ализода


Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба омӯзгори солхӯрдае, ки ришаш монеаи кораш дар мактаб шудааст, маслиҳат додааст. 

Хабарнигори нашрияи “Халқ овозӣ” 3-юми апрел зимни нишасти матбуотӣ дар хитоб ба Ализода гуфт, ки мӯйсафеди 70- солае ба нашрия муроҷиат карда, арз доштааст, ки “азбаски дар мактаби деҳоташон омӯзгор намерасад, ӯро ба кор даъват кардаанд, лекин шарт гузоштаанд, ки барои идомаи кор ришатонро паст мекунед”.
Хабарнигор суол гузоштааст, ки оё чунин меъёр дар қонунгузории соҳаи маорифи кишвар аст?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст,ки  барои хонандаҳо чунин меъёр мавҷуд мебошад ва риши омӯзгорон низ бояд тартиби муайян дошта бошад: “Ҳамон риш ҳам ҳазрати Муҳаммад гуфтааст, ҳамин хеле бошад, ки як тартиб бояд дошта бошад. Дар мактабҳои олӣ ҳастанд омӯзгорони ришдор, вале устод бояд ришро ба тартиб гузорад, то барои шогирд намуна бошад”.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон