расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » РУСИЯ ДАР БАРОБАРИ ТОЛИБОН ДОКТОР АБДУЛЛОҲ ВА КАРЗАЙРО ҲАМ БА МАСКАВ ДАЪВАТ КАРДААСТ

Сиёсат / Ҷомеа / Ҷаҳон

РУСИЯ ДАР БАРОБАРИ ТОЛИБОН ДОКТОР АБДУЛЛОҲ ВА КАРЗАЙРО ҲАМ БА МАСКАВ ДАЪВАТ КАРДААСТ

Русия ба нишасти Маскав пиромуни Афғонистон, ки 20 октябр доир мешавад, дар баробари ҳайъати ҳаракати тундрави Толибон ҳамчунин раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай ва раиси Шӯрои олии сулҳ доктор Абдуллоҳро низ даъват кардааст. Дар ин бора рӯзи 17 октябр ToloNews  бо такя ба як манбаи наздик ба доктор Абдуллоҳ хабар дод. Худи Карзай ва Абдуллоҳ, ҳамчунин ҷониби Русия ва Толибон ин хабарро то кунун расман шарҳ надодаанд.
Карзай ва Абдуллоҳ моҳи август ҳамроҳи Гулбуддин Ҳикматёр, сарвазири собиқ ва раиси ҳизби исломӣ як Шӯрои ҳамоҳангсоз низ ташкил дода буданд, ки ҳадафаш таъмини интиқоли сулҳомези қудрат аз ҳукумати қаблӣ ба маъмурияти нави Толибон дар Афғонистон буд.  Аммо Толибон, ки 15 август Кобулро ишғол карданд, алакай ҳафтае баъд муҳофизони Карзай ва Абдуллоҳро халъи силоҳ карда, бо ҳамин ба ҳарду паём доданд, ки ба миёнаравиашон эҳтиёҷ надоранд.
Толибон қаблан иштироки намояндагонаш дар нишасти Маскавро тасдиқ кард. Гуфта мешавад, ҳайъати онҳоро муовини раиси ҳукумати “аморати исломӣ”-и эълонкардаи Толибон Абдусалом Ҳанафӣ роҳбарӣ хоҳад кард.
Бо гузашти беш аз ду моҳ аз тасарруфи ҳукумат дар Афғонистон, то кунун ягон кишвар режими нави Толибонро ба расмият нашинохтааст ва зоҳиран ҳайъати Толибон дар Маскав талош хоҳад кард, то кишварҳои иштироккунандаи нишастро ба эътирофи ҳукуматашон моил кунад.
Вале намояндаи хоси президенти Русия дар умури Афғонистон Замир Кабулов изҳор дошт, ки ҷониби Русия мехоҳад дар ин нишаст эродҳои худро ба тарзи ҳукуматдории Толибон баён дошта, вазъи пешомада дар Афғонистонро баҳс кунад. Бисёр кишварҳо аз инки толибон баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз иҷрои ваъдаҳои худ ва пеш аз ҳама аз иҷрои ваъдаи ташкили як ҳукумати фарогир ва ҷавобгӯи манфиатҳои тамоми гуруҳҳои сиёсиву қавмии он кишвар сарпечӣ карданд, норозианд. Бисёр кишварҳоро, бахусус дар Ғарб ҳамчунин он нороҳат кардааст, ки Толибон баъди ғасби қудрат бисёре аз ҳуқуқу озодиҳои мардумро аз байн бурданд ва ҳоло барои мисол, дар Афғонистон барои занон кор кардан ва ҳатто бидуни як марди маҳрам ба кӯча баромадан манъ гардида, мусиқӣ  ва рақс низ мамнӯъ эълон шудааст. Ҳамин тавр, даҳҳо нашрия дар Афғонистон ба далели фишори ҳокимони нав ба озодии матбуот баста шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.