Садамаҳои нақлиётӣ дар Нигерия, Ҳиндустон ва Юнон

Дар штати Касинаи қисми шимолу ғарбии Нигерия садамаи нақлиётӣ ба амал омад.

Дар натиҷа 13 кас ҷон бохта, 5 тани дигар захмӣ шуд. Ба гуфтаи шоҳидон дар роҳи автомобилгарди Малумфаши-Дабай, воқеъ дар ноҳияи Кафур ду воситаи нақлиёт ба ҳам бархӯрданд. /// Дар шаҳри Раҷгархи штати Мадҳя-Прадеши қисми марказии Ҳиндустон низ садамаи нақлиётӣ ба амал омад. Дар пайи ҳодиса 12 нафар ба ҳалокат расид. Миёни фавтидагон 6 толибилм низ мебошад. Сабабҳои ба амал омадани садама то ба ҳол мушаххас нашудааст. Бино ба иттилои масъулин ба оилаҳое, ки дар ин садамаи нақлиётӣ зарари ҷиддӣ дидаанд, ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор рупия, баробар ба 180 ҳазор рубли русӣ пардохт мешавад. /// Дар Юнон бошад, автобуси мусофирбар ба автомашинаи сабукрав бархӯрд. Дар натиҷаи ин садама 12 кас ҷон бохт. Манбаъҳои хабарии маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд, ронандаи автобусро ҳангоми ҳаракат дар роҳ хоб бурдааст. Бар асари ин бархӯрд ҳамчунин 8 нафари дигар бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шуданд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон