расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Вазири дифои "Толибон" куштору қасосгириҳоро эътироф, аммо манъ кард

. / Ҷаҳон

Вазири дифои "Толибон" куштору қасосгириҳоро эътироф, аммо манъ кард

Як намояндаи ҳукумати «Толибон» эътироф кардааст, ки бо вуҷуди афви умумӣ ҷангҷӯён дар баъзе аз минтақаҳо «худсарона» даст ба куштори мардум задаанд. Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он ҷангҷӯёни «Толибон» дар Панҷшеру Андароб ва Бағлон баъд аз муҳокимаи саҳроӣ мардумро мепаронанд.

Мулло Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти Вазорати дифои «Толибон» ва писари бунёдгузору раҳбари пешини ин гурӯҳ — Мулло Умар, дар паёми садоӣ гуфтааст, «ҳеч кас ҳақ надорад, ваъдаи афвро зери по карда, интиқоми шахсӣ бигирад.» Навори 15-дақиқаӣ рӯзи 23-юми сентябр тавассути сухангӯёни гуруҳи «Толибон» нашр ва паҳн шуд.

«Садои Амрико» навишт, сарпарасти Вазорати дифои «Толибон» таъкид кардааст, агар ҷангҷӯён бо касе даъвои шахсӣ доранд, бояд ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Ӯ хитоб ба аъзои «Толибон» гуфтааст, агар баъд аз ин касе амали худсарона анҷом диҳад, «ҷазои амалашро хоҳад дид».

Гуруҳи «Толибон» пас аз ворид шудан ба Кобул дар миёнаҳои моҳи августи имсол афви умумӣ эълон кард ва аз ҳама кормандони давлат дар Афғонистон хост, ба иҷрои вазифаҳояшон баргарданд. Аммо ба назар мерасад, эътимод ё боварӣ ба ҳарфу даъватҳои гуруҳ зиёд нест ва бисёриҳо ба хотири набудани эҳсоси амният ва ояндаи хуб дар фикри тарки Афғонистон ҳастанд.

Илова ба ин, дар беш аз шаш ҳафтаи гузашта созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон «Толибон"-ро ба поймол кардани ҳуқуқи башар, куштори мухолифон, шиканҷа, латукӯби хабарнигорон ва занони эътирозгар муттаҳам намуданд.

Чанд расонаи Афғонистон низ аз мавридҳои қатл ва озору бадрафтории «Толибон» гузориш доданд. Баъзе аз нашрияву матбуот аз шиканҷа ва латукӯби хабарнигоронашон аз ҷониби ҷангҷӯён гузориш доданд.

Мулло Яъқуб дар паёми савтӣ иддао кардааст, «афроди бад, фосид ва нотавон» ба хотири расидан ба ҳадафҳои «шум"-ашон ё ба хотири бадном кардани «Толибон» ба сафи ин гурӯҳ ворид шудаанд.

Вай афзудааст, баъзе аз саргурӯҳҳо ва фармондеҳони «Толибон» «бо афроди ноаҳл ва… ҷинояткорони пешин» дӯст шуда, онҳоро ба сафи худ ҷалб кардаанд. Аммо ба қавли сарпарасти Вазорати дифои «Толибон», барои чунин афрод дар сафи онҳо ҷой нест ва «ҳар касеро, ки барои ҷалбу ҷазби чунин афрод иқдом кардааст, ҳарчи зуд аз сафи худ меронанд».

Мулло Яъқуб ҳушдор додааст, пас аз ин паём, агар тафтиши онҳо собит кард, ки чунин афрод дар сафи саргурӯҳҳои «Толибон» ҳанӯз ҳастанд, фармондеҳони он гурӯҳҳо бо пайомадҳои мухталиф, аз халъи силоҳ сар карда то ихроҷ аз сафи «Толибон», рӯбарӯ мешаванд.
Ӯ дар паёмаш хитоб ба афроди «Толибон» гуфтааст, аз гаштугузори беҷо дар кӯчаву бозор ва рафтан аз як вилоят ба вилояти дигар худдорӣ карда, машғули танҳо соҳаву коре бошанд, ки ба онҳо супурда шудааст. Ҳамчунин аз аъзои «Толибон» хостааст, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд ва сабаби азияту озори мардум нашаванд.

Муҳаммад Яъқуб дар Покистон улуми динӣ хонда, дар онҷо бузург шудааст ва то ҳол «Толибон» ҳеч аксеро аз ӯ нашр накардаанд. Дақиқ нест, ӯ чандсола аст ва ҷузъиёти дигари шахсияташ низ номаълум мемонад.

Аз ҷумла, рӯшан нест, муроҷиати ӯ ба ҷангҷӯён дар куҷо ва кай сурат гирифтааст, вале аз мазмуни он бармеояд, ки ин суҳбатҳо рӯзҳои охир сабт шудааст.


Сарчашма. ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.