расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИТТИҲОДИ «ПАЙМОНИ ХОИНОНИ ЛАЪИН ВА Ё КОСАЛЕСОНИ ПАРЕШОН»

Асосӣ / Ҷомеа

ИТТИҲОДИ «ПАЙМОНИ ХОИНОНИ ЛАЪИН ВА Ё КОСАЛЕСОНИ ПАРЕШОН»


Барои мондани як номи мувоффиқ ба мақолаи навиштаам соатҳо андеша кардам, ки чи номе гузорам, ки ба ин «Ватандӯстони сарсупурда» шоиста бошад. Ин Анҷуманороёну иттиҳодсозонро саг гуфтан хато аст, зеро саг аз инҳо дида вафодор аст ва ҳеҷ гоҳ ба соҳиби худ хиёнат намекунад. Иниттиҳодсозон косалесонеро мемонанд, ки барои адои пулҳои хурдаашон қодиранд ба ҳар кори паст даст зананд.
Воқеан, барои ҳар як ватандори воқеъӣ хандаовар ва шармандагист, ки Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов дар бораи Истиқлолу Паймони миллӣ сухан мегӯянд. Инҷо суол ба миён меояд, ки ин пастфитратҳо аз доноии худ ва ё аз гумроҳии зиёд чунин маҳфилҳо меороянд. Ҷавоби ин суолро ба души ҳар як ватандору ватандӯст ҳавола мекунам, зеро имрӯз ҳар як тоҷикистонӣ дар мизони андешаи солими хеш сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад.
Таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон» ва имрӯзҳо сару садоҳо баланд намудан аз ҷониби аъзои паймони мазкур, дар бораи арзиштарин дастоварди миллӣ- Истиқлолияти давлатӣ сухан гуфтани наҳзатиҳо касро ба умқи андеша мебарад, ки наход инсони комил то ба ин ҳад қодир бошад.
Ба қадри Истиқлолият расидану онро арҷ гузоштан аз ҳар як шахси ватандору худшинос масъулияти зиёдеро талаб мекунад. Аммо ин пастфитратҳо куҷову Истиқлоли миллӣ куҷо. Агар имрӯз мо 29-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари хешро ҷашн гирем, ин лаънатиҳо давоми 30 сол мешавад, ки теша ба решаи ин миллат ва Истиқлолу озодии он мезананд. 30 сол мешавад, ки нақшаҳои ғаразноки худро барои ноором сохтани ин миллат ва ин давлат амалӣ намуданд ва хушбахтона имрӯз парда аз рӯйи найрангҳои ин хоинон бардошта шуду мардуми тамаддунофару ватандӯсти тоҷик ба андешаи бунёди дурахшони Ватан камари ҳиммат бастаанду зери ливои сулҳу дӯстӣ ба қарнҳои дигар бо иродаи қаввӣ қадам мениҳанд. Бисту ҳафт сол муқадам бо ибтикори ин паймонороён Тоҷикистони тозаистиқлол ба шадидтарин буҳрони сиёсӣ рӯ ба рӯ гашту мардуми Тоҷикистон аз сарсониву гушнагӣ фирорӣ гаштанд. Касе умеди зинда монданро надошт. Вақте, ки мардум саоату рӯзҳо дар навбати нон меистоданду бархе аз гуруснагӣ ҷаву сабус ва ҷигориву арзан мехурд, ин мардумфиребони хоин дар хориҷи кишвар, дар кайфу сафо рӯз мегузарониданд. Худованд ҳеҷ амоли бадеро беҷавоб намегузорад. Гуноҳи нобахшиданӣ ин хиёнат намудан ба Модар, ба миллат ва ба Ватан аст, зеро ватандорӣ як гӯшаи имондорист гуфтаанд.
Маҳз ҳамин лаънатиҳои ватанфӯруш дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тавонистанд, ки мардуми тоҷикро ба гумроҳӣ баранду хонаи ҳазорон тоҷику Тоҷикистониро оташ заданд. Ҳазорон модарро бефарзанд, ҳазорон фарзандро бе падар, ҳазорон занро бешавҳар ва ҳазорон падарро душмани писари худ гардониданд ва имрӯз Кабирии хоин дар оғози ҳар як сухани хеш бо каломи Худои меҳрубону бахшоянда сухан мегӯяд. Дигар Кабирӣ ба ҳоли табоҳе расидааст, ки на аз нафрини Худо метарсаду  на аз маргу бандагӣ.
         Шайх Саъдӣ барҳақ гуфтааст, ки :
         Бани одам аъзои якдигаранд,
         Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
         Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
         Дигар узвҳоро намонад қарор.
 
Дарде, ки ба узвҳои ин миллат ин разилон зери ниқоби «Исломи муқаддас» бо террору хунрезӣ, таркишу оташафрӯхтан, фиребу найранг оварданд, дар воқеъ ягон узҳоро қарор нагузошт. Хушбахтона ба бахти баланди миллати тоҷик Худованд мардеро ато намуд, ки мардумро аз бадбахти наҷот дода, шуълаи умедро дар дили ҳар як тоҷику Тоҷикистони бедор намуд.
Дигар ҳеҷ ягон Паймон ва ташкилотҳои ба ақидаи онҳо (ғамхор) барои ин миллат ва ин давлат лозим нест, чун мо мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон як Паймони созандаву бунёдкор ва ғамхори миллат дорем, ки онро ном Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо миллати хушбахти Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон имрӯз ба Сарвар, Пешво ва раҳнамои худ бовар дорем, зеро паймонҳояш содиқона ва ҷовидона аст, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон шоистаи тамоми минбарҳо ва машъали тамоми маҳфилу маҷлисҳо ҳастем.
Ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон, алалхусус ҷавонони худогоҳу дарёдил муроҷиат карда мегӯем, ки фирефтаи ин гурӯҳҳо нагардед, зеро бунёди ин гуна маҳфилҳо ба имзо расонидани чунин созишномаҳои қалбакӣ ба нафъи ягон тоҷику тоҷикистонӣ нест, он танҳо иҷрои нақша ва адои қарзҳои хоҷагони хориҷӣ ҳасту боқӣ ҳеҷ…
Абдуллозода Саёҳат,  узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.