расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҶАСАДҲОИ ДУ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ ҶОИ ХОБАШОН ДАР НОВАЯ МОСКВА ПАЙДО КАРДААНД

Ҷомеа / Ҳаводис

ҶАСАДҲОИ ДУ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ ҶОИ ХОБАШОН ДАР НОВАЯ МОСКВА ПАЙДО КАРДААНД

Нашрияи “Московский комсомолец” хабар дод, ки рӯзи якшанбе, соати 14:30 дар деҳаи Троитса  дар ҳавзаи Вороновское дар Новая Москва ҷасадҳои ду марди зодаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд. Деҳаи Троится ягон 40 километр ҷанубтар аз шаҳри Маскав дар наздикии деҳаи Сахарово, макони Маркази муҳоҷирони Сахарово ҷойгир шудааст.
Бино ба иттилои нашрия, ҷасадҳои муҳоҷирони тоҷикро аз ҷои хобашон дар як вагон дар ҳудуди як ҳавлии хусусӣ пайдо кардаанд. Пулис гуфт, муҳоҷирони фавтида яке 48 сол ва дуюмӣ ҳамагӣ 22 сол доштаанд.  Онҳо дар ин ҳавлӣ ба корҳои таъмиру тармим машғул будаанд.
Сабаби марги муҳоҷирон ҳанӯз дақиқ карда нашудааст, вале бино ба фарзияи муқаддамотӣ, ин ҷо зоҳиран амали ҷиноӣ дида намешавад. Тафтиш идома дорад.
Ин нахустин мавриди марги фоҷиавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар поёни ҳафтаи гузашта нест. Субҳи барвақти 18 сентябр бар асари ба сутуни фонус бархӯрдани як мошин дар маркази шаҳри Новосибирск се шаҳрванди Тоҷикистон зинда ба зинда сӯхтанд.
Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ин тақрибан нисфи тамоми аҳолии қобили кори Тоҷикистон мебошад.
Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун, аз ҷумла бар асари фалокатҳо дар ҷои кор, беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯзи муҳоҷират ҷони то се муҳоҷири тоҷикро мегирад…

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.