расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Додгоҳ ширкати зери итоати Бег Сабурро ба пардохти қарзи барқ муваззаф кард

. / Иқтисодиёт

Додгоҳ ширкати зери итоати Бег Сабурро ба пардохти қарзи барқ муваззаф кард

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе "Тоҷиктелеком", ширкати зери итоати Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаро муваззаф кардааст, ки 608 ҳазор сомонӣ қарзи барқи истифодакардаашро супорад. Масъулини ширкат мегӯянд, аз пардохти қарз саркашӣ накардаанд, танҳо буҳрони вобаста ба COVID-19 дасташонро дар пардохти маблағи барқ кӯтоҳ намудааст.
Ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта содир шуд. Масъулони идораи барқи Душанбе мегӯянд, қарзи "Тоҷиктелеком" хеле зиёд шуд ва онҳо маҷбур шуданд, ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Дар идораи Шабакаҳои барқи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ширкати "Тоҷиктелеком" дар якуним соли ахир танҳо дар ҳудуди пойтахт ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ барқ истифода кардааст.
Ҳусейн Худойқулов, сардори хадамоти фурӯши барқи Шабакаҳои барқи Душанбе гуфт: "Аз маблағи беш аз як миллион сомонӣ ширкати "Тоҷиктелеком" танҳо наздики 400 ҳазорашро пардохт карда, боқимонда беш аз 600 ҳазор сомонӣ қарз ҷамъ шудааст."
Дар ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ҳам гуфта мешавад, ширкати "Тоҷиктелеком" муваззаф аст, ба идораи барқ 608 ҳазор сомонӣ ё муодили 59 ҳазор доллар супорад.
Қарори додгоҳ дар ҳоле содир шудааст, ки масъулини ширкати "Тоҷиктелеком" гуфтанд, вазъи молиашон "хуб нест".
Як масъули бахши молиявии ширкати "Тоҷиктелеком" рӯзи 1-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан имкони пурра супурдани қарзи барқро надоранд. "Қарзро месупорем, имрӯз насупорем, пагоҳ месупорем. Бе ҳамон суд ҳам ҳармоҳа маблағро супурда истодаем", -- гуфт мусоҳиби мо.
Ба қавли ин намояндаи "Тоҷиктелеком", ки нахост номаш зикр шавад, бо сабаби буҳрони пешомадаи COVID-19 даромади онҳо кам шудааст. Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин ба тарафи сохтмони бинои алоқа дар маркази Душанбе ишора карда, гуфт, ин биноро бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлол анҷом диҳанд ва "маблағ даркор аст. Барои ҳамин дар масъалаи пардохти маблағ мушкилӣ кашида истодаем."
"Тоҷиктелеком", як ширкати марбут ба Хадамоти алоқа аст, ки роҳбариашро Бег Сабур ба уҳда дорад. Аз соли 2018 ягона ширкате аст, ки ҳаққи овардани Интернет ба Тоҷикистонро дорад ва онро ба ширкатҳои дигар мефурӯшад.
Дар моҳҳои ахир танҳо ширкати "Тоҷиктелеком" нест, ки номи Бег Сабурро дар робита ба пардохт накардани пули барқу андоз расонаӣ мекунад.
Пеш ин мақомоти шаҳри Кӯлоб дар моҳи феврал гуфта буданд, ширкати сохтмонии "Комил 2010", ки ба писари Бег Сабур тааллуқ дорад, беш аз 4 миллион сомонӣ андозро напардохтааст. Баҳром Иноятзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб, ки моҳи июн дастгир шуд, бо сароҳат аз Бег Сабур интиқод кард ва ӯро "Ҳоҷа Аҳрори Валӣ" ном бурд.
Талошҳои мо барои суҳбат бо Бег Сабур ду рӯзи ахир бенатиҷа буд. Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзҳои 1 ва 2-юми сентябр Бег Сабурро соатҳо дар назди ҳуҷраи кориаш мунтазир буд, аммо ӯро пайдо накард. Раиси Хадамоти алоқа дар суҳбатҳои пешинааш гуфта буд, ки ҳеч вақт аз пардохти андоз саркашӣ накардааст. Аз ҷумла, Бег Сабур моҳи марти соли гузашта дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо ҳар моҳ андозро месупорем, мушкил ҷой надорад."
Аммо эътирози шаҳрдори собиқи Кӯлоб ба амалкарди ширкати Бег Сабур ва, инак, шикояти идораи барқи Душанбе аз пардохт нашудани ҳаққи кораш аз сӯи ширкати зертобеи раиси Хадамоти алоқа баҳсҳоеро ба миён овардааст.
Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигори тоҷик, ки дар бораи кори ширкатҳои наздик ба Бег Сабур тадқиқот анҷом додааст, мегӯяд, худдорӣ аз пардохти андозу пули барқ аз сӯи мақомдори баландпоя натиҷаи он аст, ки аз оғоз барои ӯ "гузашт"-ҳоеро қоил шуданд.
"Ин худкомагиҳое, ки пули барқро намепардозад ё пули андозро намедиҳад, аз онҷо сар мешавад, ки дар ибтидо садди роҳи ба тиҷорат машғул шудани ин хизматчии давлатиро нагирифтанд. Нагуфтанд, ки Шумо ҳаққи машғул шудан ба тиҷоратро надоред. Омада-омада ба ин рӯзҳо расонд, ки дигар пули барқу андозро намепардозад, қоидаҳои сохтмониро риоя намекунад", -- афзуд рӯзноманигор.
Аммо Бег Сабур ин гуна интиқодҳоро дар бораи худ борҳо рад кардааст. Худи ӯ дар суҳбати пешинааш гуфта буд, ки машғул шудан ба тиҷорати хона барои паст кардани "шиддати иҷтимоӣ ба бехонаҳо" дар кишвар аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.