расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Сипоси Раисӣ барои узвияти Эрон дар СҲШ: Ӯ гуфт, дар кораш ба чӣ авлавият медиҳад

. / Сиёсат

Сипоси Раисӣ барои узвияти Эрон дар СҲШ: Ӯ гуфт, дар кораш ба чӣ авлавият медиҳад

Сайид Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ барои пазируфтани кишвараш ба ин созмон изҳори миннатдорӣ кард

 Иброҳим Раисӣ дар Душанбе аз зарфияти бузурги инсонӣ, энержӣ ва географии Эрон зикр намуда, афзуд, ки ин кишвар дар таҳкими ҳамгироию ҳамкории минтақавӣ саҳми бузург гузошта метавонад.

Раисӣ илова намуд, ки чандҷонибагароии иқтисодӣ, сиёсати ҳамсоядории хуб ва тақвияти ҳузур дар созмонҳои минтақавӣ аз авлавиятҳои сиёсаташ ба ҳайси раисиҷумҳури Эрон, мебошанд.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Эрон, минтақаи Осиё ҳамеша пайвандии жарф дошта, эҳтиром ба танаввӯи фарҳангӣ, эътимоди тарафайну манофеи муштарак аз пояҳои рушди муносибот мебошанд.

Таъкиди Раисӣ ба ҳамгироӣ дар ҳолест, ки феълан СҲШ ҳашт кишвар — Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гашт.

Санад барои пазируфтани Эрон ба СҲШ аз ҷониби роҳбарони кишварҳои узви ин созмон ба имзо расид. Инчунин Қатар, Миср ва Арабистони Саудӣ ба ҳайси нозир дар СҲШ қабул шуданд.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.