расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Амрико аз Белорус хост, ба хушунатҳо поён диҳад

. / Сиёсат

Амрико аз Белорус хост, ба хушунатҳо поён диҳад

Як мақоми баландпояи амрикоӣ гуфт, Вашингтон ва ҳамкорони аврупоиаш ба Белорус ҳамоно фишор меоранд, то зиндониҳои сиёсӣ озод шаванд, хушунат ба зидди эътирозгарон хотима ёбад ва шаҳрвандон иҷоза дошта бошанд, ки дар як интихоботи озоду одилона ҳукумати худро интихоб кунанд.
Стефан Биган, муовини вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 1-уми сентябр дар мусоҳибаи ихтисосиаш бо Радиои Озодӣ гуфт, “Шумо, мардуми Белорус, ба мо дар бораи аҳамияти демократия ва озодӣ ёдовар шудед. Мо аз ҷасорате, ки нишон додед, дар ҳайратем ва беҳтарин таманниёт дорем”.
Ӯ, ки дар поёни сафараш ба Литва, Русия, Украина ва Австрия суҳбат мекард, гуфт, мудохилаи низомии Русия ба Белорус метавонад дар равобити Маскав бо Вашингтон ва Аврупо “таъсири манфӣ” расонад.
Биган таъкид кард, Амрико ҳамчун шарики байнулмилалии Белорус ба хотири ин ки дар ин кишвар меъёрҳои як интихоботи озоду одилона риоя шавад, ҳамкории ҳадди аксар ба роҳ мемонад. Ҳафтае пеш аз ин Биган дар нишасте дар Вилнюс ҳангоми муроҷиат ба мавзӯи Белорус гуфт:
“Озодӣ танҳо як имтиёз барои гурӯҳи нафарони хушбахт нест, балки як ҳуқуқи комил ва ҷаҳонии тамоми инсонҳо мебошад. Интихоботи рӯзи 9-уми август ба меъёрҳо мутобиқ набуд. Мо бераҳмиеро, ки дар пайи он нисбат ба мардуми Белорус раво дида шуд, маҳкум мекунам ва озод кардани ҳамаи боздоштшудаҳоро тақозо дорем. Аз ҳукумати Белорус тақозо мекунем, ки пешниҳоди раҳбарияти САҲА-ро дар бораи миёнҷигӣ дар муколамае бо ҷалби ҳама гурӯҳҳо бипазирад.”
Ин суҳбатҳо дар ҳолест, ки президент Александр Лукашенко дар пайи беш аз се ҳафта эътирозҳои мардумӣ дар Белорус барои гузаште ҳеч аломат нишон надодааст.
Эътирозгарон, ки натиҷаҳои интихоботро тақаллубшуда меҳисобанд, бекор шудани натиҷаҳои интихоботӣ ва баргузории интихоботи нави президентиро тақозо доранд.
Лукашенко баъд аз 26 соли раҳбариаш бо панҷаи сангин дар интихоботи ахири президентии Белорус баранда номида шуд ва масъулони Кумисюни интихоботӣ гуфтанд, ки ба ҷонибдорӣ аз ӯ 80 дарсад овоз доданд. Вале эътирозгарон ба ин бовар надоранд ва талаб мекунанд, ки президенти 66-сола аз мақомаш канор биравад.
Талаби дигари онҳо озод кардани ҳама зиндониҳои сиёсӣ ва даъвати интихоботи нав аст.
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо интихоботи Белорусро ҳамчун як маъракаи ноозод ва ноодилона интиқод карда, аз Минск даъват карданд, ки бо мухолифон вориди муколама шавад.
Биган мегӯяд, дар бӯҳрони баамаломада ва ҳам рафтори мақомоти Белорус “ҳеч пешравӣ” ё тағйироте дида намешавад. Ӯ гуфт, Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ фишорро ба ҳукумати Белорус ба хотири иҷрои ӯҳдадориҳояш бар асоси талаботи САҲА ва Эъломияи ҳуқуқи башари СММ идома медиҳад.
Айни замон, бар хилофи маҳкумияти вазъи баъд аз интихоботи Беларус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, Русия аз Лукашенко пуштибонӣ кард ва, ба гуфтаи Кремлин, талошҳоро аз хориҷ барои ташкили беназмиҳо дар ин ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ маҳкум кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳафтаи гузашта гуфт, як контингенти низомии амниятии Русия омода аст, ки дар сурати беназмиҳо дар Белорус ба ин кишвар мадад кунад.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 2-юми сентябр баъд аз мулоқот бо ҳамтои беларусиаш Владимир Макеев дар Маскав пуштибонии комили Русияро аз ҳукумати Белорус баён кард. Вай Аврупову НАТО-ро ба он муттаҳам кард, ки ба гуфтааш, “изҳороти харобкорона” медиҳанд.
Лавров, аз ҷумла, даъват ба барпо кардани муколама бо мухолифин бо миёнравии САҲА-ро “фишор ба мақомоти Белорус” ва пуштибонӣ аз мухолифон номид. Ӯ гуфт, Маскав “ба зидди ҳама гуна талоши кишварҳои хориҷӣ барои фишороварӣ ба ҳукумати Белорус” мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.