расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Сафир теъдоди гурезаҳои афғон дар Тоҷикистонро гуфт

Сиёсат / Ҷаҳон

Сафир теъдоди гурезаҳои афғон дар Тоҷикистонро гуфт

 Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе, теъдоди онҳоеро гуфт, ки аз ҷангиёни Толибон* дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.
Сафир дар суҳбат бо РИА Новости изҳор доштааст, ки теъдоди гурезаҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
"Феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор гурезаи афғон иқомат доранд", - изҳор дошт дипломати афғон. Ӯ тавзеҳ дод, ки то ҳамлаи Толибон* теъдоди паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафарро ташкил медод.
Қаблан бархе аз коршиносон ҳушдор доданд, ки дар пайи ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон теъдоди гурезаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад, то ба даҳҳо ҳазор нафар расад. Мақомдорони тоҷик қаблан зимни ҷаласаҳо изҳор доштанд, ки бояд барои қабули гурезаҳо омодагӣ диду шароити мусоид фароҳам овард.
Тобистони соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҷангиёни Толибон* аввал минтақаҳои марзӣ, баъдан марказҳои вилоятҳо ва 15 август Кобулро ишғол карда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар анҷом ёфт.
Феълан Панҷшер ягона аз 34 музофоти Афғонистон мебошад, ки берун аз тасаллути Тоилбон* буда, нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷамъ омадаанд. Нерӯҳои зиддитолиб ташкили давлати муосир бо иштироки намояндагони тамоми ақвому ақшори ҷомеа дар заминаи исломи муътадилро талаб доранд. Рӯзҳои охир Толибон* чанд бор ин вилоятро ҳадафи ҳамла қарор доданд, аммо ба гуфтаи намояндагони Ҷабҳаи муқовимат, ҳамлагарон шикаст хӯрданду маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.