Украина дар бораи қатли Сангаку Файзалӣ


Марказҳои таҳлилии Украина қатли командирони саҳроиро тайи даҳсолаҳои охир баррасӣ карда, қатли пурасрори сарварони Фронти халқии Тоҷикистон  Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидовро  шеваи кори мақомоти махсуси КГБ-ю ФСБ  меҳисобанд.
Шореҳи сиёсии украинӣ Виталий Портников, бо ишора ба қазияи мармузи куштори Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов навиштааст, ки ин гуна аз байн бардоштани кормандонҳои саҳроӣ аз усулҳои куҳан ва таҷрибашудаи КГБ мебошад.

Портников дар заминаи шарҳ додани сарнавишти ду қумандони саҳроии ҷудоихоҳи Укроин Гиви (Михаил Толстих) ва Моторола (Арсения Павлова) аз қатли Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов ёд карда ва гуфтааст, ки шаби 29 ба 30 марти соли 1993 дар ҳудуди совхоз-техникуми ба номи Куйбишев ин ду саркардаи маъруфи замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кушта шуданд.
Портников ҳамчунин гуфтааст, ки ин гуна чеҳраҳо то замоне истифода мешаванд, ки заруранд ва баъди тамом шудани зарурат нест карда мешаванд. Ба иқрори Портников касоне, ки сирри зиёдро медонанд, мақомоти махсус намегузоранд, ки зиёд зиндагӣ кунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон