расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳалокати як нафар аз борону сел дар Панҷакент

Асосӣ / Ҳаводис

Ҳалокати як нафар аз борону сел дар Панҷакент


Боронгарии шадид ва фаромадани сел дар деҳаи Амондараи Панҷакент талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар пай доштааст.

Мақомоти ҳукумати шаҳри Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шоми рузи гузашта бар асари фаромадани сел як марди 61-солаи сокини ин деҳа зери хоку лой монда, ҷон бохтааст.

Ба гуфтаи Муҳаммадсафар Собиров, муовини раиси шаҳри Панҷакент, дар ҳоли ҳозир таҳти сарварии раиси шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис шуда, хисороти селро муайян мекунад.

Давоми камтар аз бист рӯзи ахир бори дувум аст, ки селхезиҳо боиси ҳалокати сокинон дар Панҷакент мешавад. Рӯзи 19-уми июл бар асари боронгарӣ ва омадани сел дар деҳаи Дашти Қозӣ ва чарогоҳи тобистонаи Киштудаки Панҷакент 12 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ҷон бохтаанд. Наҷотабахшони аксари онҳоро аз зери обу лой пайдо карданд.

Ҳафтаҳои гузашта ноҳияҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Айнӣ ҳам шоҳиди боронгариҳои шадид ва омадани сел буданд, ки ба гуфтаи мақомот, «хисороти молӣ дар пай дошт».

Имсол Тоҷикистон шоҳиди селу боронгарии зиёд шуд, ки ба гуфтаи мақомот, иқтисоди кишвар миллионҳо сомонӣ зарар овардааст. Аз ҷумла, офати табиии рӯзи 11-уми май ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар зарар расонд ва боис ба марги 9 нафар шуд.

Сел танҳо дар шаҳри Кӯлоб 46 миллион сомонӣ баробар ба 4 миллион доллар хисорот доштааст. Ба маълумоти сарчашма, дар ин ҳодиса 43 хона пурра ва бахше аз 102 хонаи дигар вайрон шудаанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза ва лағжиши хок ба 7 миллион нафар осеб ва ба иқтисоди кишвар тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондааст.

Сарчашма: ozodi.org

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.