расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Оё нархи маҳсулоти газӣ баъди ба имзо расидани созишномаҳо бо Туркманистон арзон хоҳад шуд?

Асосӣ / Иқтисодиёт

Оё нархи маҳсулоти газӣ баъди ба имзо расидани созишномаҳо бо Туркманистон арзон хоҳад шуд?


Мақомоти Тоҷикистону Туркманистон 19 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар мавриди интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ, имзо карданд.

Маросим 4-уми август дар маркази Туркманистон, пас аз мулоқоти раҳбарони ду кишвар сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафари расмӣ дар Ишқобод аст.

Тоҷикистону Туркманистон дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар солҳои 2021-2023; дар бахши нақлиёти роҳи оҳан; ҳамлу нақл, интиқоли мол ва мусофирон низ созишнома қабул карданд.

Ҷузъиёти санадҳо дастрас нест, аммо мавзӯи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар ин шабу рӯз барои Тоҷикистон муҳим дониста мешавад. Туркманистон кишвари саршор аз нафту гази табиӣ аст. Тоҷикистон ин маҳсулотро аз хориҷа меорад ва моҳҳои охир нархи он дар дохил башиддат боло рафта, боис ба норозигии сокинон шудааст.

Умедворем, ки баъди ба имзо расидани чунин созишномаҳо нархи маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ дар ҳудуди кишвар паст хоҳад шуд.

Сарчашма: ozodi.org

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.