расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Бародари Алимардонов 105 миллион қарзро ба давлат баргардонду афв шуд

Асосӣ / Сиёсат

Бародари Алимардонов 105 миллион қарзро ба давлат баргардонду афв шуд


Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардонов моҳи марти соли ҷорӣ мавриди афв қарор гирифт

Бародари раиси пешини «Агроинвестбонк» Муродалӣ Алимардонов дар Тоҷикистон ба ғасби маблағи калони бонки мазкур муттаҳам дониста мешуд.

Аммо, намояндагони оҷонсии мазкур рӯзи 28 июл дар нишасти матбуотӣ қайд намуданд, ки Парда Алимардонов аллакай 105 миллион сомониро ба давлат баргардонд ва аз ин рӯ нисбати ӯ афв татбиқ карда шуд.

Дар мавриди аз ҷавобгарӣ раҳо шудани Алимардонов ба хабарнигорон Фахриддин Акрамзода муовини раёсати Оҷонсии зидди фасод хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, се корманди гурӯҳи ширкатҳои «Баракат», вобаста ба Парда Алимардонов, ки дар тасарруфи даҳҳои миллион сомонӣ муттаҳам дониста мешаванд, ҳамоно дар ҷустуҷӯ мебошанд.

Ба маълумоти расида, фирориён феълан дар Федератсияи Русия қарор доранд», — таъкид намуд Акрамзода.

Парда Алимардон ба иттиҳоми тасарруфи маболиғи бузург моҳи апрели соли равон аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад.

Ӯ ва даҳҳо нафари дигар ба хотири ҳайфу майли миллионҳо сомонӣ маболиғи «Агроинвестбонк» боздошт шудаанд.

Оҷонсӣ гуфт, зарарҳои расонида қисман барқарор шуда, дар сурати пурра барқарор шудан нисбати боздоштшуда санади авф татбиқ мешавад.

 Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.