расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Дар Русия наздик ба 2,5 миллион муҳоҷир бидуни шартномаи меҳнатӣ кор мекунад

. / Муҳоҷир

Дар Русия наздик ба 2,5 миллион муҳоҷир бидуни шартномаи меҳнатӣ кор мекунад

Валерий Фадеев, роҳбари Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон, дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Маскав гуфт, ки тақрибан 2,5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия бидуни созишномаи меҳнатӣ бо корфармоён кор мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.

"Ба гуфтаи коршиносон, 2,5 миллион муҳоҷир бо корфармоён ҳеҷ гуна санади шартномавӣ надоранд. Онҳо ҳуқуқ надоранд. Ин раванд ба кори бозори меҳнат халал ворид мекунад", - гуфт Фадеев.

Ба гуфтаи ӯ, вазъи кунунӣ пеш аз ҳама ба шаҳрвандони Русия зарба мезанад.

"Муҳоҷирони беҳуқуқ музди ночиз мегиранду аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор нестанд ва ғайра. Мо ҳуқуқи муҳоҷиронро ҳимоя мекунем ва хоҳем кард", - таъкид дошт ӯ.

Фадеев инчунин, аз муҳоҷирони меҳнатӣ талаб кард, ки ба задухӯрдҳои гурӯҳи миёни якдигар хотима бахшанд.

"Занозаниҳои гурӯҳӣ - ин чист? Ба мо авбошони худамон кофист, ба мо авбошони муҳоҷир лозим нестанд. Дар ин ҷо мо бояд сахтгирона рафтор кунем: ҳамаи авбошон, ба марз ва ба Ватани худ фиристода мешаванд. Мо бояд тавозун дошта бошем. Мо аз ҳуқуқи одамони ҳалолкор дифоъ мекунем, ҳуқуқҳои онҳо бояд ба монанди шаҳрвандони Русия бошанд. Вале агар қоидаро вайрон каунад, мебахшед, ӯ ба лозим нест", - гуфт Фадеев.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.