расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Бо табар заданду алав сар доданд: шарҳи прокурор аз куштори 4 узви як хонавода дар Ҷайҳун

Ҷомеа / Ҳаводис

Бо табар заданду алав сар доданд: шарҳи прокурор аз куштори 4 узви як хонавода дар Ҷайҳун


Прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода ҳодисаи куштори мудҳиши 4 узви як хонаводаро дар ноҳияи Ҷайҳун шарҳ дод.
Навори шарҳи прокурорро аз рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигор Баҳодур Уроқов дар саҳифаи Ютуб нашр кардааст.
Ёдрас мешавем, хабари куштори 4 узви як хонавода дар вилояти Хатлон дар мобайнҳои моҳи июни соли равон сокинонро такон дода буд.
Субҳи 12 июн, дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҷайҳун ҳамсояҳо шоҳиди баланд шудани дуд аз хонаи як сокини деҳа, марди 39-сола, Аҳлиддин Маҳмадов шуданд. Онҳо фикр карданд, ки сӯхтор сар задааст ва ба хомӯш кардани он шитофтанд, аммо ҳодисаи мудҳиштаре рух дода буд. Дар ду ҳуҷра 6 узви хонавода беҳаракат мехобиданд ва осори хун дида мешуд.
Хонаро зоҳиран оташ зада буданд, аммо аланга нагририфтааст.
Дертар маълум шуд, ки се узви хонавода дар ҷои ҳодиса мурдаанд, мард, ҳамсар ва як писарашонро ба беморхона бурданд. Аҳлиддин баъди ним соати интиқол ёфтанаш дар шифохона даргузашт, ҳамсараш ва писараш ба шӯъбаи эҳё бистарӣ шуданд.
Тибқи бархе хабарҳо ҳоло писараш ба ҳуш омадааст.
Тавре Раҳимзода мегӯяд, субҳи 12 июн шахсони номаълум вориди хонаи Маҳмадов Аҳлиддин шуда, ба номбурда, завҷааш - Азизова Латофат, фарзандонашон - Маҳмудова Саломат, Маҳмадова Саодат, Маҳмадзода Шарифҷон ва Маҳмадов Алиҷон бо истифода аз табар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидаанд.
Онҳо ду ҳуҷраи хобро бензин пошидаву оташ задаанд, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷа Маҳмадова Саломат , Маҳмадова Саодат ва Маҳмадов Алиҷон дар ҷои ҳодиса, як ҳуҷра ба ҳалокат расидаанд.
Маҳмадов Аҳлиддин дар беморхонаи марказии ноҳия фавтидааст.
"Азизова Латофат ва Маҳмадов Шарифҷон дар беморхона дар ҳолати вазнин бистарӣ шуданд", - қайд кард прокурор.
Фавран тафтишоти ҳодиса оғоз гардида, феълан он идома доштааст.
"Тафтишот идома дорад, ҳоло пурра муайян карда нашудааст, ки куштор аз тарафи кӣ содир шудааст. Аз натиҷаи тафтишот дар оянда маълумот хоҳем дод", - афзуд вай.
Дар ҳамин ҳол, пештар бархе аз расонаҳо аз боздошт шудани се гумонбари ин ҳодиса хабар дода буданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.