расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВАҚТЕ ЧУНИН ҶАВОН МЕМИРАНД: УСТОДИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ КОМРОН МИРАЗОРОВ ҲАМАГӢ 32 СОЛ ДОШТ…

Ҷомеа / Ҳаводис

ВАҚТЕ ЧУНИН ҶАВОН МЕМИРАНД: УСТОДИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ КОМРОН МИРАЗОРОВ ҲАМАГӢ 32 СОЛ ДОШТ…

Маъмурияти риштаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон шоми 6 июл бо андуҳи гарон аз марги нобаҳангоми омӯзгори аршади кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология Миразоров Комрон Иззатуллоевич дар синни ҳамагӣ 32 хабар дода, ба наздикони марҳум сабри ҷамил хостааст. Дар бораи иллати марги Комрон Миразоров дар чунин синни ҷавон дар номаи таъзияи садорати факулта чизе гуфта нашудааст.
Комрон Миразоров  14 октябри соли 1989 дар деҳаи Меҳвари ҷамоати Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 2012 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рудакиро хатм кардааст.
Ӯ  соли 2012 ба тариқи квота ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда ва ҳамчун ассисенти кафедараи методикаи таълими биологияи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба кор шурӯъ намудааст. Аз соли 2015 то дами маргаш ҳамчун муаллими калони ҳамин кафедра фаъолият дошт.
 Комрон Миразоров  дар тӯли фаъолияти кориаш хамчун роҳбари маҳфили «Биологони ҷавон», роҳбари дастаи олимпии факултети биология кор намуда, ба гирифтани ҷойҳои намоён (якум ва дуюм) дар олимиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ва Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сазовор шудааст. Дар соли таҳсили 2021 шогирдонаш дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ва дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» сазовори ҷойи якум гардиданд. Ӯ муаллифи якчанд дастурҳои таълимию методӣ, зиёда аз 25 мақолаи илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ буд.
Комрон Миразоров  бо «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Раёсати донишгоҳ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Инчунин, соли 2018 бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст. Ӯ дар мавзӯи «Синтез ва хосиятҳои биологии баъзе дипептидҳои триптофандор ва маҷмааҳои онҳо бо иони рӯҳ (II) » кори илмӣ намуда истода, дар арафаи ҳимоя қарор дошт.
Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.
РӮҲАТ ШОД ВА ХОНАИ ОХИРАТАТ ОБОД БОД!

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.