расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Талаби Рустами Эмомалӣ: назорати риояи қонуни танзим аз ҷониби мансабдорон пурзӯр шавад

Асосӣ / Сиёсат

Талаби Рустами Эмомалӣ: назорати риояи қонуни танзим аз ҷониби мансабдорон пурзӯр шавад


Дар ин самт чораҳои пешгирикунанда ба таври самаранок роҳандозӣ карда хоҳад шуд

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон талаб кардааст, ки риояи қонуни танзим аз ҷониби мансабдорон пурзӯр карда шавад.
Имрӯз, 21 июн дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа раиси Маҷлиси миллӣ аз прокурори генералии Тоҷикистон талаб кардааст, ки назорати риояи қонуни танзим пурзӯр карда шавад.

«Раиси маҷлис диққати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таъмини назорати риояи қатъии қонунгузорӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷалб кард», — менависад котиботи Маҷлиси миллии Тоҷикистон.

Қайд карда мешавад, ки бахусус ба назорати риояи ин қонун аз ҷониби мансабдорон таъкид карда шуд.
Рустами Эмормалӣ ба Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон дастур додааст, ки дар ин самт чораҳои пешгирикунандаро ба таври самаранок роҳандозӣ намоянд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.