расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Як миллионро кӣ мегирад, Абдурозиқ ё Хасбики доғистонӣ?

Асосӣ / Ҷомеа

Як миллионро кӣ мегирад, Абдурозиқ ё Хасбики доғистонӣ?


Ҳаҷми ҳаққулзаҳмати размандагон эълон нашудааст, вале қаблан маълумоте паҳн шуда буд, ки ғолиби набард 1 миллион рубл хоҳад гирифт.
Блогер ва размандаи MMA Асҳоб Тамаеви 19-сола аз Чеченистон рӯзи 18 май набарди тан ба тани блогери 18-солаи доғистонӣ Хасбулло Магомедов, маъруф бо тахаллуси Хасбикро бо овозхони 17-солаи тоҷик Абдурозиқ баргузор мекунад. Аҷобати ин набард дар он аст, ки вазни ҳарду рақиб дар маҷмӯъ ҳамагӣ 35 килост.

Хасбик ва Абдурозиқ алакай нишасти хабарие доир карданд, ки чун анъанаи роиҷ дар байни размандагони ҷангҳои бидуни қоида қариб буд, ки бо занозании ҳарду анҷом ёбад.

Ҳаҷми ҳаққулзаҳмати размандагон эълон нашудааст, вале қаблан маълумоте паҳн шуда буд, ки ғолиби набард 1 миллион рубл хоҳад гирифт.
Хасбик дар пайи нашри як видеое, ки қулфинай (клубника) мехӯрд, машҳур шуд. «Қулфинай, ростӣ, ин бомба аст» — ин гуфтаи Хасбик дар он видео ба мем табдил ёфта, ӯро машҳур кард.

Қади Хасбик 93 см ва вазнаш ҳамагӣ 18 килост.

Сарчашма: pressa.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.