расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Нақшаи 1-миллиарддолларӣ. Узбекистон дар додугирифт бо Тоҷикистон ҷойи Чинро мегирад? САДО

Асосӣ / Иқтисодиёт

Нақшаи 1-миллиарддолларӣ. Узбекистон дар додугирифт бо Тоҷикистон ҷойи Чинро мегирад? САДО


Мақомоти Душанбеву Тошканд тасмим гирифтаанд, ки миқдори додугирифти молу колоро миёни ду кишвар аз 300 миллион доллари ҳозира то ба як миллиард доллар бирасонанд. Агар ин нақша иҷро шавад, Узбекистон ба яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт. Тарафҳо то куҷо чунин тавонмандиро доранд? Коршиносон ба ин дурнамо чӣ мегӯянд?

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳафтаи гузашта дар сафари корияш ба Тошканд ояндаи ҳамкориҳои иқтисодиро миёни ду кишвар бо раиси ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев баррасӣ кард.

Расонаҳои Узбекистон дар бораи ин дидор ба нақл аз Мирзиёев навиштаанд, ки Тошканду Душанбе мехоҳанд, тиҷорати байни ду кишварро аз 300 миллион доллари соли гузашта то ба 1 миллиард доллар расонанд.

Як манбаъ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 18-уми май бе зикр номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, «воқеан, ин пешниҳод аз сӯи раиси ҷумҳурии Узбекистон садо дод. Интизор меравад, дар ҷараёни сафари кории Мирзиёев ба Тоҷикистон дар моҳи оянда ин мавзуъ расман дар санадҳо зикр гардад».

Дар посух ба ин суол, ки оё расидан ба ин ҳадаф воқеӣ аст ё не, манбаъ гуфт, «ҳоло дар Тоҷикистон раванди саноатикунонӣ босуръат идома дорад ва ин амр иҷрошуданӣ аст.»

Тоҷикистон ба Узбекистон чӣ медиҳад?

Рустам Қудратов, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва узви Кумитаи энергетика, саноату сохтмон ва коммуникатсияи порлумон, мегӯяд, агар соли 2015 саҳми саноат дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ё ВВП-и Тоҷикистон ба 13,5 дарсад баробар буд, соли гузашта ин рақам ба 21 дарсад расид.

Тибқи омори расмӣ дар семоҳаи аввали имсол Тоҷикистону Узбекистон ба маблағи тақрибан 104 миллион доллар додугирифт кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 23,1 миллион доллари амрикоӣ бештар будааст. Аз ин ҳисоб, Тоҷикистон ба маблағи 54,8 миллион доллар маҳсулоти сохти Узбекистонро ворид кардааст.

Соли гузашта Тоҷикистону Узбекистон ба маблағи 333,7 миллион доллари амрикоӣ додугирифт карда, саҳми воридоти маҳсулоти кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон баробари 66,7 дарсади ин маблағ будааст.

Умаров бовар дорад, ки бо расидан ба маблағи як миллиардолларии додугирифти миёни Тоҷикистону Узбекистон, Тошканд ба шарики севуми тиҷоратии Душанбе табдил меёбад.

Ҳоло Чину Швейтсария дар садри феҳрасти шарикони тиҷоратии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров ин эҳтимолро рад намекунад, ки дар оянда Узбекистон ба шарики якуми Тоҷикистон табдил шуда, ҷойи Чинро бигирад.

Ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон маҳсулоти гуногун, аз либос сар карда, то бозичаҳои бачагона ва яхдону телевизор, сохти Узбекистон аст. Соли гузашта дар Душанбе корхонаи муштараки Узбекистону Тоҷикистон «Артел-Авесто электроникс» фаъол шуд, ки ба тавлиди ашёи рӯзгор машғул аст. Дар Узбекистон низ ширкати тоҷикистонии «Ғаюр семент» ба таъсиси корхонаи муштараки тавлиди ин намуди масолеҳи сохтмонӣ иқдом кардааст.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон ба ихтилофи омори расмӣ дар иттилои ниҳодҳои давлатии ду кишвар дар мавриди додугирифти миёни Тошканд ва Душанбе хабар медиҳанд. Дар баъзе маврид ин ихтилоф то ба 150 миллион доллари амрикоӣ мерасад. Бо ин ҳол, рӯшан нест, афзоиши ададу шумораҳо дар оянда то куҷо баёнгари воқеият хоҳад буд.

Сарчашма: ozodi.org

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.