расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЗАНОЗАНӢ ДАР ТАРАБХОНАИ “СИМ-СИМ”: ЯК ПИСАРИ ГУЛ ШЕРАЛӢ ДАСТГИР ШУД, ДИЛОВАР ГУЛОВ ТАҲТИ КОФТУКОБ ҚАРОР ДОРАД

Ҷомеа / Ҳаводис

ЗАНОЗАНӢ ДАР ТАРАБХОНАИ “СИМ-СИМ”: ЯК ПИСАРИ ГУЛ ШЕРАЛӢ ДАСТГИР ШУД, ДИЛОВАР ГУЛОВ ТАҲТИ КОФТУКОБ ҚАРОР ДОРАД

Шоми 16 май дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и марбут ба хонаводаи Алиматовҳо дар Душанбе бо иштироки фарзандони Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетикаю саноат ва қудои президенти Тоҷикистон занозанӣ рух додааст. Дар ин занозанӣ як нафар корд хӯрда, дар ҳолати вазнин дар бемористони  Қарияи Боло қарор доштааст.
Бино ба иттилои радиои Озодӣ, фарзандони Шералӣ Гул аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд, вале Алишер Гуловро алакай субҳи 17 май дар ҳудуди вилояти Суғд дастгир кардаанд. Ҷустуҷӯи Диловар Гулов идома дорад. Озодӣ аз қавли манбааш гуфт, ҳанӯз дақиқ нест, ки кадоме аз Гуловҳо ҳангоми занозанӣ аз корд истифода бурдааст. Исми ҷабрдида низ то ҳол нашр нашудааст.
“Баъд аз муноқиша бо мақсади қасдан расондани зарар ба узвҳои ҳаётан муҳими шаҳрванд бо корд зарари вазнин расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар беморхонаи Қарияи Боло зери назорати табибон карор дошта, саломатиаш вазнин аст”, — гуфт як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ.
Ҳодисаро додситонии ноҳияи Сино таҳқиқ мекунад ва барои боздошти гумонбарон, ба гуфтаи навбатдори ШВКД Сино, як гуруҳ сафарбар шудааст.
Алишер Гулов 24 сол дошта, қаблан дар ВКД кор мекард, вале ба кадом далели номаълуме аз саффи милиса ронда шудааст.
Аммо исми бародари ӯ Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул аз ҳамсари дуюмаш Меҳринисо Сагалиева, хоҳари вакили собиқи парлумон Саодат Амиршоева бори аввал нест, ки дар робита ба моҷароҳои гуногун ва аъмоли ҷиноияш расонаӣ мешавад.
Дар соли 2015 Диловар Гуловро барои бидуни иҷозатнома рондани мошини сиёҳшиша 5000 сомонӣ ҷарима баста, моҳи августи ҳамон сол бо ҷурми майдаавбошӣ 10 рӯз ҳабс карданд. Моҳи октябри соли 2017 номи Диловар Гулов дар робита ба як занозанӣ дар ҳузури ситораҳои эстрада ва латукӯби овозхон Остони Азиз расонаӣ шуд.
Ҳамин тавр, Диловар Гулов субҳи барвақти 10 марти соли 2018 дар пайи як занозанӣ дар тарабхонаи “Гэлакси” дар наздикии театри опера ва балет дар маркази Душанбе ҳамроҳи шавҳари хоҳараш Дилшод Нуруллозода ва 11 тани дигар боздошт шуданд. Диловар Гулов ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд ва РВКД Душанбе дар сомонааш аксҳои ӯву шариконашро дар ҳолате нашр кард, ки дар рӯзҳои ҳабс дар ҳавлии боздоштгоҳ машғули рӯбучин ва побел кардани замин буданд.
Гуловро рӯзи 14 март аз боздошт ҷавоб доданд ва алакай рӯзи 17 март барои боз ҳам бидуни иҷозатнома сиёҳ кардани шишаҳои пеши мошинаш боздошт ва ҷарима карданд.
Чанд қазияи ба дасти милиса афтодани Диловар Гулов – писари қудои президент Шералӣ Гул дар ҷомеа масъалаи рафтори фарзандони мансабдорони баландпоя дар Тоҷикистонро доғ кард. Бисёриҳо навиштанд, ки ин фарзандон дар ҳавои давлату савлати волидайни пурнуфузи худ сармаст шудаву аз худ рафтаанд. Ба ақидаи бисёриҳо, ин ба истилоҳ “фарзандони тиллоӣ” бо чунин рафтори бехудона ва бемасъулиятиашон нафақат волидони худ, балки ҳукумат ва аз ҷумла раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар чашми мардум бадном мекунанд.
Ва баъди ҳабси Диловар Гулов дар моҳи март раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон афроди наздикаш, аз ҷумла Шералӣ Гулро ҳушдор дод, ки лаҷоми фарзандони азхудрафтаашонро бикашанд ва ӯро бадном накунанд. Баъди ҳушдори президент Диловар Гуловро ба Аврупо барои таҳсил фиристоданд, вале ӯ тобистони соли 2018 бо оғози таътилоти тобистона ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва ба моҷарои нав гирифтор шуд.
Ин дафъа писари вазири собиқи саноату энергетика ва қудои президенти Тоҷикистон ҳамроҳи рафиқонаш ба ҳамла ба корманди раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП)-и вазорати корҳои дохилӣ Дилшод Нарзуллозода айбдор шуд. Ин ҳамла шаби 8 июл, соати тахминан 23 дар яке аз кӯчаҳои маркази Душанбе сурат гириф ва Нарзуллозода, ки бар асари он ҳамла биниаш шикаста, ҷоғу косахонаи сараш низ осеб дид, чандин рӯз дар бахши нейрохирургияи беморхонаи Қарияи боло таҳти табобат қарор дошт.
Занозанӣ байни Диловар Гулову рафиқаш бо кормандони милитсия вақте рух дод, ки кормандони УБОП ними шаб мошини Гуловро дар яке аз кӯчаҳои маркази Душанбе манъ карда, ӯро ба он айбдор кардаанд, ки ба ҳаракати ронандагони мошинҳои дигар халал эҷод мекунад.
Аммо яке аз наздикони Шералӣ Гул он вақт ҳодисаро каме дигар тасвир кард: “Ҳама медонанд, ки кормандони мақомот ба Диловар қасди кӯҳна доранд ва пайваста ва махсус ӯро таъқибу шикор мекарданд, то ниқорашонро бигиранд. Диловар чанд моҳ дар Аврупо буд, нав баргашту боз аз қафояш шуданд. Ӯро таҳрик додан хеле осон аст, чунки ҷавони оташин аст, даррав дармегирад. Ба хусус вақте ки шоҳиди беадолатӣ шавад. Он шаб кормандони милитсия мошинашро манъ карда, ӯро махсус бо дашномҳои қабеҳ таҳқир кардаанд, то ин ки вокуниш нишон диҳад. Диловар ҳам тоқат накардааст ва ҷазои корманди УБОП-ро барои ҳақоратҳояш додааст.”
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 2 ноябри соли 2018 Диловар Гуловро ба як соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ Диловар Гуловро бар асоси қисми сеюми моддаи 237(авбошӣ бо истифода аз силоҳ ваё ашёе, ки ҳамчун силоҳ истифода шудааст) ва латукӯби кормандони УБОП Дилшод Нарзуллозода гунаҳкор шинохт. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале додгоҳ гуфт, ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла ду фарзанди ноболиғ доштани Диловар Гулов, сидқан изҳори пушаймонӣ кардан ва аз ҷабрдида узр хостани ӯро ба назар гирифта, ба вай чунин ҳукми сабук додааст.
Диловар Гулов алакай дар аввали соли 2019 аз маҳбас озод шуд ва ду соли охир ба ҷуз аз видеоҳои ишқбозиаш бо як ситораи машҳури эстрада дигар дар ягон моҷаро номаш набуд.
Гул Шералии 71-сола, ки қудои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, то замони бознишаста шуданаш аз шахсиятҳои пурнуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Гул Шералӣ аз соли 2006 то 2013, тайи 7 сол вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ва аз он қабл солҳо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои охир ӯ роҳбарии бахши тоҷикистонии сохтмони лӯлаи гази Туркманистон – Хитойро ба уҳда дошт, вале буҳрони иқтисодӣ иҷрои ин тарҳи бузурги стратегиро ба таъхир андохт.
Дар як вокуниш ба боздошти писару домодаш дар моҳи марти соли 2018 Шералӣ Гул гуфта буд, чунин ба назар мерасад, ки касе махсус аъзои оилаи ӯро “шикор” карда истодааст. Вале вақте Диловар Гулов баъди чанд моҳ боз дастгир ва ин навбат маҳкум ба зиндон шуд, Шералӣ Гул дигар қазияи атрофи писари раҳгумзадаашро шарҳ надод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.