расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Набераи президент ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида кумак расонд - акс

Асосӣ / Ҷомеа

Набераи президент ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида кумак расонд - акс


Офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даҳҳо хонаҳову киштзорҳои васеъро вайрон кард

Набераи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Исмоил Маҳмадзоир ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кумак расонидааст.

Дар ин бора Соҳибкирони Зафар, як корбари Фейсбук хабар дода, аксҳои кӯмаки моддии ироашударо нашр кардааст.

«Иқдоми неки набераи Президент бародари гиромӣ Исмоил Маҳмадзоир ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида. Ахсан! Худо аз шумо розӣ бошад», — менависад вай.

Ёдрас мешавем, офати табии фурӯравии қисмате аз замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар деҳаи Навободи ноҳия, 8 майи соли равон рух дод.

Дар натиҷаи лағжиши хок дар ин гӯшаи вилояти Хатлон даҳҳо хонаву киштзорҳои васеъ вайрон шуданд.
Дар ин ҳодиса касе ба ҳалокат нарасид, вале 15 хона ва 100 гектар замин пурра вайрон шуданд. Маблағи осебҳои расида ҳанӯз маълум нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба хотири пешгирӣ аз фалокат ва марги одамон, тасмим гирифт аъзои 167 оиларо «ба маконҳои амн» кӯчонанд.

Бино бар иттилои манбаъ, онҳо дар мактаби рақами 5 деҳа дар хаймаҳо ҷой карда шудаанд.

Бино бар гуфтаи сокинон, мақомот ваъда додаанд, ки мушкилашонро ҳал мекунанд ва шояд барояшон хона ҳам созанд.

Ҳамчунин таҳқиқоти он, ки чаро чунин ҳодиса рух дод, идома дорад.

Источник: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.