расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Фаврӣ: КДАМ гуфт, посбонгоҳи сарҳадии "Хоҷаи Аъло"-и Тоҷикистон забт нашудааст

Сиёсат / Ҷомеа

Фаврӣ: КДАМ гуфт, посбонгоҳи сарҳадии "Хоҷаи Аъло"-и Тоҷикистон забт нашудааст

КДАМ Тоҷикистон гуфт, хабари забти посбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло”-и Тоҷикистон бардурӯғ буда, характери иғвоангезона дорад

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон иттилоъ дар бораи забти посбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло”-и Тоҷикистонро бепоя хонд.
Бино ба гуфти КДАМ , хабар дар бораи забти посбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи таъиноти махсуси "Бору"-и хадамоти марзбонии Қирғизистон боз як маълумоти бардурӯғ (фейк) аст, ки характери иғвоангезона дорад, навиштааст, АМИТ "Ховар".
Дар ин росто, КДАМ аз мардум хоҳиш кардааст, ки ба иғвоҳо дода нашаванд.

Вазъ дар марз

Вазъ дар марзро баъди ду рӯзи бесарусомонӣ феълан манбаъҳо ором арзёбӣ мекунанд. Ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбас санад имзо карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки техникаву нерӯро аз марз бозпас гиранд ва роҳҳро кушоянд.
Ёдрас мешавем, пештар, шаби 30 апрел мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев интишор карданд.
Военные в селе Ходжа Ало - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Дирӯз, 22:04
14182
Дар ин изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима дода, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ бармегардонанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.