расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 7 СОКИНИ ХОҶАИ АЪЛО ДАР МУНОҚИША ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН ҶАРОҲАТ БАРДОШТААНД

Ҷомеа / Ҳаводис

7 СОКИНИ ХОҶАИ АЪЛО ДАР МУНОҚИША ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН ҶАРОҲАТ БАРДОШТААНД

28 апрел, соати 16  дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара дар марзи байни деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон байни сокинони ду тарафи марз муноқишаи гуруҳӣ рух додааст.
Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷараёни ин муноқиша сокинони Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон сангпартоӣ кардаанд ва дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар аксҳое, ки аз маҳалли ҳодиса ба сомонаи “Бомдод” фиристоданд, дида мешавад, ки сари дастикам ду сокини Хоҷаи Аъло, аз ҷумла як пирамарди ришсафедро докапеч кардаанд. Аз зери докаи сари марди солхӯрда, тавре дар акс дида мешавад, ҳанӯз хун мечакад.
Марзбонони тоҷик мегӯянд, нуқтаи обтақсимкунии “Головной” аз деҳаҳои Кӯктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад, вале “ба ин нигоҳ накарда, раиси ноҳияи мазкур Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҷониби Тоҷикистон сафарбар намудааст.”
Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон истифода мешуд.
“Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони барои таҳрики муноқиша сафарбаршуда, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон истифода шуданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон.
Мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки муноқиша баъди кӯшиши насби видеокамераҳо дар сутунҳои барқи атрофи нуқтаи обтақсимкунӣ аз ҷониби Тоҷикистон сар зада, бар асари сангпартоии сокинони Хоҷаи Аъло як сокини Кӯктош ҷароҳат бардоштаааст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ ҷониби Тоҷикистонро дар ин муноқиша айбдор кард ва гуфт, муноқиша замоне сар зад, ки сокинони Хоҷаи Аъло аз силоҳ тир холӣ карданд.
Бо гузашти қариб 30 сол аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи байни ин ду кишвар то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Бахши аъзами минтақаҳои баҳсӣ дар байни минтақаҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров ва Конибодоми Тоҷикистон ва ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 28.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. 28-уми апрели соли 2021, соати 16: 00 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи сарҳадӣ рух дод. Шаҳрвандони Қирғизистон ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сангпартоӣ пардохтанд ва дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Кӯктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, раиси ноҳияи мазкур Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҷониби Тоҷикистон сафарбар намудааст.
Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон истифода мешуд.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони барои таҳрики муноқиша сафарбаршуда, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон истифода шуданд.
        Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.