расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАР АШТ ЯК ҶАВОН БО ТАҲДИДИ ЧОПИ ВИДЕО АЗ ЯК ЗАН 4 ҲАЗОР СОМОНӢ ТАМАЪ КАРДААНД

. / Ҷомеа

ДАР АШТ ЯК ҶАВОН БО ТАҲДИДИ ЧОПИ ВИДЕО АЗ ЯК ЗАН 4 ҲАЗОР СОМОНӢ ТАМАЪ КАРДААНД

Довар ва Равшед, ду сокини 20-солаи ҷамоати Понғози ноҳияр Ашт ба он гумонбар мешаванд, ки моҳи январ шабона ба мошини “Одил” ном касе савор шудани як зани 31-солаи сокини Понғозро ба навор гирифта, аз ин зан 4 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд. Онҳо рӯзи 24 апрел ҳангоми гирифтани ин 4 ҳазор сомонӣ аз ҷабрдида дастгир шуданд. Ба зидди ин ду ҷавоне бар асоси қисми дуюми моддаи 250-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 10 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Сокини  32-солаи Мурғоб ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 20 апрел дар мавзеи Қарадемур даст ба шикори ғайриқонунӣ зада, як бузи кӯҳии сибириро бо камони ИЖ-16 ярадор кардааст. Тибқи хулосаи маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Мурғоб гушти мусодиракардашуда ба гушти бузи кӯҳии сибирӣ тааллуқ дошта, вазни холисаш 25 килограммро ташкил медиҳад.
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб зарари ба фонди шикорӣ расида аз ин шикори ғайриқонуниро 6 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст.

Ду ноболиғи 17-сола рӯзи 22 апрел, соати 13:30 дар назди коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат якдигарро латтукӯб кардаанд ва яке аз онҳо бо корди қадшаванда (финка) 1 маротиба ба қисмати болои рони пойи чапи ноболиғи дигар задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ҳоло ҳардуро ба авбошӣ айбдор мекунанд.
Сокини  53-солаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара барои қочоқи ғайриқонунии чорво  дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ӯ рӯзи 20 апрел, 48 сар чорвои калони шохдори зоти сарсафеди қазоқиро, ҷамъ ба маблағи 241 ҳазору 500 сомонӣ бидуни назорати гумрукӣ, бе декларатсия ва супоридани боҷи гумрукӣ, бо роҳи қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст. Рӯзи 20 апрел кормандони милитсия ин 48 сар чорвои қочоқиро ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда, ба зидди сокини Чоркӯҳ бар асоси қисми дуюми моддаи 289-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Рӯзи 23 апрел, тахминан соати 16, Маҳмадаюб Мирҳоев, сокини 54-солаи ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав дар роҳи Турсунзода – Душанбе зери чархи мошини “Дэу-Нексия», таҳти идораи сокини 40-солаи ҷамоати Сешанбеи Турсунзода Файзиев Муродалӣ монда, бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш, субҳи 24 апрел, соати 08:55 дар бемористон ҷон бохтааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тан маъюб мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани ду ҷавон бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ашт бо ариза зани 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи январи соли 2021 то инҷониб “Довар” ва “Равшед” ном шахсон, бо таҳдиди он, гӯё охирон дар нисфи шаб ба автомашинаи “Одил” ном шахс савор шуданашро ба навор гирифтаанд, аз ӯ 4 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 20-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Понғози ҳамин ноҳия, 24-уми апрели соли 2021, ҳангоми гирифтани 4 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 32-сола бо гумони шикори ғайриқонунии бузи кӯҳии сибирӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини ноҳияи Мурғоб, 20-уми апрели соли 2021, дар мавзеъи “Қарадемур”-и ноҳияи мазкур ғайриқонунӣ бо яроқи шикории суфтамили тамғаи ИЖ-16, бе рақам ва бе соли барориш ба шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир машғул шуда, 1-сар бузи кӯҳии сибириро ярадор намудааст.
Тибқи хулосаи маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Мурғоб гушти мусодиракардашуда ба гушти бузи кӯҳии сибирӣ тааллуқ дошта, вазни холисаш 25 килограммро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия зарари ба фонди шикорӣ расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шудаанд.
Номбурдагон, рӯзи 22-юми апрели соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Сомониён назди Коллеҷи “Омори”-и шаҳри мазкур қарор доштанашон, бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол карда, ҳамдигарро лату кӯб намудаанд.
Дар ин маврид яке аз ноболиғон бо корди қадшаванда (финка) 1-маротиба ба қисмати болои рони пойи чапи ноболиғи дигар задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани пиёдагард бар асари ҳодисаи нақлиётӣ

Рӯзи 23-юми апрели соли 2021, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Нексия», Файзиев Муродалӣ Шодиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мирзоев Маҳмадаюб Саидаҳмадович, соли таваллудаш 1967, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Мирзоев М.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, санаи 24-уми апрели соли 2021, тахминан соати 08:55-дақиқа, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дора.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.