расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » ИНРО БОЯД ДИД! ВИДЕОИ ХЕЛЕ ЗЕБОИ ГАЛАИ ГӮСФАНДОНИ ВАҲШӢ ДАР КӮҲҲОИ ҚАЗОҚИСТОН

. / Ҷаҳон

ИНРО БОЯД ДИД! ВИДЕОИ ХЕЛЕ ЗЕБОИ ГАЛАИ ГӮСФАНДОНИ ВАҲШӢ ДАР КӮҲҲОИ ҚАЗОҚИСТОН

Ба сокини Қазоқистон Азамат Серсенбаев муяссар шудааст, ки баъди чанд ҳафтаи талошҳо  сайругашти хеле ҷаззобу дилрабои як галаи гӯсфандони ваҳшии навъи уриалҳои Уст –Юрт ҳамроҳи баррачаҳояшонро дар домани як кӯҳи хеле зебо дар ноҳияи Тӯпқарағани вилояти Манғистау дар ғарби Қазоқистон ба навор бигирад.
 «Тамошои дар домани кӯҳ хиромидани ин махлуқоти дилрабо худ чӣ қадар як роҳати тасвирнопазир буд. Ва боз ҳам бештар ин хушамон омад, ки дар ин гала шумори баррачаҳо ҳам кам нестанд. Ин ба маъноест, ки ин навъи нодир оянда дорад», – навиштааст Азамат Сарсенбаев дар саҳифааш дар Фейсбук.
Дар видеои кӯтоҳи тӯлаш ҳамагӣ 1,44 дақиқа, вале хеле шоҳкору диданӣ, дида мешавад, ки як  галааи уриалҳо, бо шумули баррачаҳои ин навъи нодири гӯсфандони ваҳшӣ дар домани як кӯҳи хеле зебо аз ин санг ба болои он санг ҷастухез доранд.
Уриалзои  Уст-Юрт (Ovis vignei (orientalis) arkal) як навъи нодири гӯсфандони ваҳшӣ буда, асосан дар Қазоқистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ба сар мебаранд. Онҳо бахше аз хонаводаи гӯсфандони ваҳшиянд, ки навъҳои жигараш дар Тоҷикистон, замчунин дар шимолу шарқи Эрон, Покистон ва дар шимоли Ҳиндустон низ дида мешаванд. Ин навъи ҳайвоноти ширхӯр дар баландии 6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар доманакӯҳҳои сералаф зиндагӣ мекунанд ва ғизояшон низ асосан алаф мебошад.
Шумори уриалҳо дар 30 соли охир тақрибан ду маротиба коҳиш ёфта, онро дар Қазоқистон ба Китоби сурх шомил кардаанд. Иттиҳоди байналмилалии ҳимоят аз табиат уриалҳоро ба анвои ҳайвоноти осебпазири дучори хатари нобудӣ шомил кардааст.
Азамат Сарсенбаев
Несколько недель усиленных поисков краснокнижных Устюртских Уриалов в Мангистауской области увенчались успехом.
Спасибо друзьям, которые помогли найти и научили “тонкостям” поисков этих удивительных созданий. Неописуемое удовольствие было наблюдать за тем, как эти грациозные создания ловко бегали по крутым скалам.
Не меньшей радостью, было наблюдать за большим количеством молодняка, значит не все потеряноhttps://www.facebook.com/v3.0/plugins/video.php?allowfullscreen=true&app_id=1204514392893219&channel=https%3A%2F%2Fstaticxx.facebook.com%2Fx%2Fconnect%2Fxd_arbiter%2F%3Fversion%3D46%23cb%3Df8431058430084%26domain%3Dwww.bomdod.com%26origin%3Dhttps%253A%252F%252Fwww.bomdod.com%252Ff3dfe71e9141624%26relation%3Dparent.parent&container_width=780&href=https%3A%2F%2Fwww.facebook.com%2Fazamat.sarsenbaev%2Fvideos%2F4230832556973470%2F&locale=en_US&sdk=joey

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.