расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Зодрӯзи рамазонии Сурайё: аз рақс бо шавҳар, то дуо ба бадгӯёну ваъдаи Шабнам – видео

. / Ҷомеа

Зодрӯзи рамазонии Сурайё: аз рақс бо шавҳар, то дуо ба бадгӯёну ваъдаи Шабнам – видео


Сурайё Қосимова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, маъруф бо Примаддонаи тоҷик, ки 22 апрел 64-солагияшро таҷлил мекунад, аз ҳолу ҳавояш гуфт

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Аз нахустинҳо шуда Сурайё Қосимоваро бо зодрӯз, духтараш Шабнами Сурайё шодбош гуфтааст. Шабнам навиштааст, ки омода аст, ба хотири саломатии модараш, на танҳо ҳунару дороӣ, балки худро низ қурбон кунад.
Фариштаи беболу парам, пуштибону роздону нозбардору розгӯям, модари мушфиқу меҳрубонам, очаи ҷону ҷигарам, ҳатто аз ҷону ҷигар бартарам, - хитоб кардааст Шабнам ба модараш.

“Хоксорам, бофайзам , хушруйю хушбӯям, ягонаам, дурдонаам агар аз ин гуфтаҳо сухани болотаре бошад пас унам назди бузургият оча ҳеҷ арзише надорад. Дӯстат медорам оча, ширинии меҳратро ба ҳеҷ меҳре наметавонам қиёс кунам. Пеши поят саҷда мекунам, хоки поятро бӯса, агар лозим ояд барои солимият худамро ҳунарамро дороиямро қурбон мекунам. Ба ҳурмати ин ҳама дустдориям илтиҷо дорам абадан бо ман бош!”, - навиштааст Шабнам дар арафаи 64-солагии Сурайё.
Бар асоси наворҳое, ки Сурайё Қосимова ва аҳли байташ нашр кардаанд, овозхони машҳури тоҷик ҳолу ҳавои хуб дорад.

Сурайё Қосимова дар суҳбати кӯтоҳе бо “Азия Плюс” гуфтааст, ки тоза аз Тошканду Истанбул баргашта, зодрӯзашро имсол, ки ба Рамазон рост омадааст, бо тоату ибодат таҷлил мекунад.
Ӯ аз сарусадоҳои соли гузашта атрофи хонадоршавияш бо марди аз худ ҷавон зикр намуда, илова кардааст, ки аз ягон нафар хафа несту ба ҳама рӯзҳои хушбахтиро насиб гардонад.
“Барои хушбахт шудани занҳои тоҷик ин гуна оила барпо карданро тавсия медиҳам”, - изҳор доштааст Сурайё Қосим.

Сурайё Қосимова 22 апрели соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, модари 4 фарзанд мебошад. Соли гузашта хабари хонадоршавии Сурайё бо Пӯлод Шаропов ном марди аз худаш хурд, шабакаҳои иҷтимоиро такон дод. Синни шавҳари нави Сурайё ҳудуди 45 гуфта мешавад, ки аз издивоҷи қаблияш се фарзанд дорад. Шаропов хонадоршавияшро бо Сурайё аз дӯстдорӣ гуфт.
Даҳсолаҳост, ки на танҳо фаъолияти ҳунарӣ, балки ҳаёти шахсии Примаддонаи тоҷик дар маркази таваҷҷуҳи мухлисонаш қарор дорад. Дар Тоҷикистон тақрибан ҳама сурудҳои “Майда – майда”, “Оҳуи маст”, “Тоҷикистон”, “Тоҷикам” ва “Чакидан гирад”-и ӯро медонанд.
Бар асоси ҳолнома, Сурайё Қосимова, аз издивоҷи аввалаш Шабнам ва Рӯзимоҳро таваллуд намудааст, ки Шабнам низ овозхон ва Рӯзимоҳ соҳибхоназан мебошад.
Издивоҷи дуввумаш бо коркуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Хуршед Рабиев сурат гирифтааст, ки аз ин издивоҷ як духтар Фарзона ва як писар Эмомалиҷон ёфтаанд. Фарзона низ сароянда мебошад. Эмомалиҷон, писари ҷавонмарги Сурайё дар синни 16-солагӣ 18 апрели соли 2017 аз бемории саратон вафот кард.
Дар пайи зарбаҳои бузурги ҳаёт солҳои қабл хабарҳо нашр мешуданд, ки вазъи саломатияш хуб нест, аз ҷумла асабҳояш бемор шудаанд, аммо ин зани тавонои тоҷик тавонист бо ҳама имтиҳоноти ҳаёт истодагарӣ кунаду феълан бо ҳузуру ҳунараш на танҳо хонавода балки тамоми мардуми Тоҷикистонро хушнуд созад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.