расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ҶОСУСИ РУСИЯ … БО ШИНОСНОМАИ ТОҶИКӢ

. / Сиёсат

ҶОСУСИ РУСИЯ … БО ШИНОСНОМАИ ТОҶИКӢ

Чехия рӯзи 17 апрел эълон кард, ки 18 корманди сафорати Русияро ба далели “афсарони хадамоти махсус” буданашон ихроҷ мекунад. Ин иқдом дар пайи ошкор шудани ҷузъиёти нави таркишҳои соли 2014 дар анборҳои аслиҳа дар шарқи Чехия гирифта шудааст. Чехия гуфт, дар он таркиш, ки сабаби ҳалокати ду нафар шуд, афсарони ГРУ (Сарраёсати ҷосусии Ситоди кулли артиши Русия) даст доштаанд.
Пулиси Чехия ҳамзамон ду шаҳрванди Русия Александр Петров ва Руслан Бошировро таҳти ҷустуҷӯ қарор дод. Ба гуфтаи мақомоти чех, ин ду афсари ГРУ соли 2014 барои сафар ба Чехия аз шиносномаҳои русӣ ва ҳамчунин аз шиносномаи Молдова ба номи Никола Попа ва шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров истифода бурдаанд. Ин ду нафар онҳоеянд, ки Бритониё дар заҳролуд кардани Сергей ва Юлия Скрипал дар соли 2018 гунаҳкорашон медонад. Гуфта мешавад, ки онҳо афсарони ГРУ буда, номи аслиашон Анатолий Чепига ва Александр Мишкин мебошад.
Ин бори аввал аст, ки афсари хадамоти махсуси Русия барои истифодаи шиносномаи Тоҷикистон барои сафар ба Аврупо айбдор мешавад. Мақомоти Тоҷикистон ин хабарро то кунун расман шарҳ надодаанд.
Сарвазири Чехия Андрей Бабиш ва муовини аввалаш Ян Ҳамачек рӯзи 17 апрел дар як нишасти хабарии изтирорӣ хабар доданд, ки Чехия 18 корманди сафорати Русияро, ки бино ба маълумоти мақомоти Ҷумҳурии Чех, “афсарони хадамоти вижаи Русия –  СВР ва ГРУ будаанд”, ихроҷ мекунад.  Ба онҳо барои тарки қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо 48 соат фурсат додаанд.
Ин иқдом дар пайи ошкор шудани ҷузъиёти нави марбут ба таркишҳои соли 2014 дар  анборҳои аслиҳа дар деҳаҳои Врбетитсе ва Влаҳовитсе дар канори шаҳри Злин, ки ду кушта ба ҷо гузошт, гирифта шудааст. Бабиш ва Ҳамачек гуфтанд, ки дар он таркиш “афсарони ГРУ даст доштаанд”.
Ҳамзамон пулиси Чехия рӯзи 17 апрел ду шаҳрванди Русия Александр Петров ва Руслан Бошировро дар робита ба тафтиши ҷиноятҳои сангин таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.
Ярослав Ибеҳей, намояндаи расмии пулиси Чехия дар ин робита гуфт: “Пулиси Чехия, Маркази миллии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар робита ба тафтиши ҳолатҳои марбут ба ҷиноятҳои сангин, барои ҷустуҷӯи ду нафаре, ки аз 11.10.2014 то 16.10.2014 дар қаламрави Чехия – аввал дар Прага ва сипас дар вилоятҳои Моравияву Силезия ва Злин (дар шарқи Чехия) қарор доштанд, кумак мехоҳад. Ин афрод бо худ шиносномаҳои Русия доштанд, ки ба номи Александр Петров, санаи таваллудаш – 13.07.1979, ва Руслан Боширов, санаи таваллудаш 12.04.1978 дода шуда буд.
Аксҳои Петров ва Боширов рӯзи 17 апрел дар сомонаи расмии пулиси Чехия ҳам нашр шуд. Ярослав Ибеҳей гуфт, ки онҳо шиносномаҳои Молдова ва Тоҷикистонро низ истифода мебурданд: “Ин одамон ҳадди ақал ду шиносномаро истифода мебурданд. Ба ғайр аз шиносномаҳои русӣ, онҳо бо худ шиносномаи Молдова ба номи Николай Попа, санаи таваллудаш – 18.07.1979, ва шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров, санаи таваллудаш 23.10.1975 доштанд.”
Чехия рӯзи 17 апрел эълон кард, ки 18 корманди сафорати Русияро ба далели “афсарони хадамоти махсус” буданашон ихроҷ мекунад. Ин иқдом дар пайи ошкор шудани ҷузъиёти нави таркишҳои соли 2014 дар анборҳои аслиҳа дар шарқи Чехия гирифта шудааст. Чехия гуфт, дар он таркиш, ки сабаби ҳалокати ду нафар шуд, афсарони ГРУ (Сарраёсати ҷосусии Ситоди кулли артиши Русия) даст доштаанд. Пулиси Чехия ҳамзамон ду шаҳрванди Русия Александр Петров ва Руслан Бошировро таҳти ҷустуҷӯ қарор дод. Ба гуфтаи мақомоти чех, ин ду афсари ГРУ соли 2014 барои сафар ба Чехия аз шиносномаҳои русӣ ва ҳамчунин аз шиносномаи Молдова ба номи Никола Попа ва шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров истифода бурдаанд. Ин ду нафар онҳоеянд, ки Бритониё дар заҳролуд кардани Сергей ва Юлия Скрипал дар соли 2018 гунаҳкорашон медонад. Гуфта мешавад, ки онҳо афсарони ГРУ буда, номи аслиашон Анатолий Чепига ва Александр Мишкин мебошад. Ин бори аввал аст, ки афсари хадамоти махсуси Русия барои истифодаи шиносномаи Тоҷикистон барои сафар ба Аврупо айбдор мешавад. Мақомоти Тоҷикистон ин хабарро то кунун расман шарҳ надодаанд. Сарвазири Чехия Андрей Бабиш ва муовини аввалаш Ян Ҳамачек рӯзи 17 апрел дар як нишасти хабарии изтирорӣ хабар доданд, ки Чехия 18 корманди сафорати Русияро, ки бино ба маълумоти мақомоти Ҷумҳурии Чех, “афсарони хадамоти вижаи Русия – СВР ва ГРУ будаанд”, ихроҷ мекунад. Ба онҳо барои тарки қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо 48 соат фурсат додаанд. Ин иқдом дар пайи ошкор шудани ҷузъиёти нави марбут ба таркишҳои соли 2014 дар анборҳои аслиҳа дар деҳаҳои Врбетитсе ва Влаҳовитсе дар канори шаҳри Злин, ки ду кушта ба ҷо гузошт, гирифта шудааст. Бабиш ва Ҳамачек гуфтанд, ки дар он таркиш “афсарони ГРУ даст доштаанд”. Ҳамзамон пулиси Чехия рӯзи 17 апрел ду шаҳрванди Русия Александр Петров ва Руслан Бошировро дар робита ба тафтиши ҷиноятҳои сангин таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Ярослав Ибеҳей, намояндаи расмии пулиси Чехия дар ин робита гуфт: “Пулиси Чехия, Маркази миллии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар робита ба тафтиши ҳолатҳои марбут ба ҷиноятҳои сангин, барои ҷустуҷӯи ду нафаре, ки аз 11.10.2014 то 16.10.2014 дар қаламрави Чехия – аввал дар Прага ва сипас дар вилоятҳои Моравияву Силезия ва Злин (дар шарқи Чехия) қарор доштанд, кумак мехоҳад. Ин афрод бо худ шиносномаҳои Русия доштанд, ки ба номи Александр Петров, санаи таваллудаш – 13.07.1979, ва Руслан Боширов, санаи таваллудаш 12.04.1978 дода шуда буд.” Аксҳои Петров ва Боширов рӯзи 17 апрел дар сомонаи расмии пулиси Чехия ҳам нашр шуд. Ярослав Ибеҳей гуфт, ки онҳо шиносномаҳои Молдова ва Тоҷикистонро низ истифода мебурданд: “Ин одамон ҳадди ақал ду шиносномаро истифода мебурданд. Ба ғайр аз шиносномаҳои русӣ, онҳо бо худ шиносномаи Молдова ба номи Николай Попа, санаи таваллудаш – 18.07.1979, ва шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров, санаи таваллудаш 23.10.1975 доштанд.”
Петров ва Боширов нафаронеанд, ки мақомоти Бритониё онҳоро дар заҳролуд сохтани ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар соли 2018 дар шаҳраки Солсбери гунаҳкор мекунанд. Гуфта мешавад, ки онҳо ҷосусони ГРУ буда, номи аслиашон Анатолий Чепига ва Александр Мишкин мебошад. Таркишҳо дар анборҳои аслиҳа дар рустоҳои Врбетитс ваи Влаҳовитсе дар канори шаҳри Злин 16 октябр ва 3 декабри соли 2014 рух дода, сабаби марги ду корманди ин анборҳо шуд. Дар пайи таркишҳо садҳо нафарро аз маҳалли ҳодиса кӯчонданд. Тоза кардани маҳалли таркиш чанд сол тӯл кашид ва тоза тирамоҳи соли 2020 анҷом ёфт.Петров ва Боширов нафаронеанд, ки мақомоти Бритониё онҳоро дар заҳролуд сохтани ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар соли 2018 дар шаҳраки Солсбери гунаҳкор мекунанд. Гуфта мешавад, ки онҳо ҷосусони ГРУ буда, номи аслиашон Анатолий Чепига ва Александр Мишкин мебошад.
Таркишҳо дар анборҳои аслиҳа дар рустоҳои Врбетитс ваи Влаҳовитсе  дар канори шаҳри Злин 16 октябр ва 3 декабри соли 2014 рух дода, сабаби марги ду корманди ин анборҳо шуд. Дар пайи таркишҳо садҳо нафарро аз маҳалли ҳодиса кӯчонданд. Тоза кардани маҳалли таркиш чанд сол тӯл кашид ва тоза тирамоҳи соли 2020 анҷом ёфт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.