расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ҶАВОНЗАНИ ВАРЗОБӢ ХУДРО БА ДАРЁ ПАРТОФТ?

. / Ҳаводис

ҶАВОНЗАНИ ВАРЗОБӢ ХУДРО БА ДАРЁ ПАРТОФТ?



Зӯроварии хонаводагӣ, мушту лагади шавҳар, таънаву маломати хусуру хушдоман, носозгорӣ бо хоҳаршӯю додаршӯй, душвориҳои иқтисодӣ, бекасию бечорагӣ ва дигар мушкилоти зиндагӣ боис мегардад, ки иддае аз занону духтарони тоҷик даст ба худкушӣ зада, риштаи ҷонашонро бо дасти худ канда созанд. Аксари бонувоне, ки қасди ҷони худ менамоянд, савод ва касбу ҳунар надошта, дар ҳалли мушкилоти зиндагии худ душворӣ мекашанд. Маъмулан ин тоифаи занон қудрати аз худ дифоъ намуданро надоранд ва аз ночорию нотавонӣ роҳи наҷотро дар худкушӣ дида, худро ба дор меовезанд, оташ мезананд ва ё ба дарё мепартоянд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади як ҷавонзани тахминан 29-солаи тоҷик аз канали “дериватсионӣ” хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, иттилоот дар бораи пайдо шудани ҷасади як ҷавонзан аз канали “Дериватсини” рӯзи 13-апрел, тахминан соатҳои 6.05 ба бахши навбатдории кумита ворид гашта, дар пайи ин хабари фаврӣ дастаи зудамал ба ҷойи ҳодиса фиристода шуд. Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода баъди аз канал берун баровардан ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Гуфта мешавад, ки ҷавонзани ғарқшуда сокини ноҳияи Варзоб ва модари ду фарзанд будааст, вале ҳанӯз маълум нест, ки зан худкушӣ кардааст ё бо амри тасодуф ғарқ шудааст. подробнее тдж: https://oila.tj/news/avonzani-varzob-khudro-ba-dare-partoft

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.