расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БАЪДИ МАРГИ БОБОЯМ МАРО АЗ ХОНА РОНДАНД

. / Ҷомеа

БАЪДИ МАРГИ БОБОЯМ МАРО АЗ ХОНА РОНДАНД


...Боғе, ки ин фоҷиа дар он ҷо рух додааст, аз ҳавлии Ҷӯраевҳо тақрибан 300 метр дуртар будааст. Дар он ҷо ҳафтаи гузашта Лазиз Ҷӯраев, шавҳари Шаҳло Шодиева, ҳамроҳи писараш 300 бех ниҳол шинондаанд. Сокинони деҳа мегӯянд, ки ин зани ҷавон зодаи шаҳри Душанбе буда, чанд сол пеш келини хонаводаи Ҷӯраевҳо шуда, ба Некнот омада будааст. Ҳамдеҳагон ҳаёти ин оиларо миёнаҳолона ва зиндагиашонро оромона мегӯянд. Дар як ҳавлӣ чанд хонавода зиндагӣ мекардаанд...
Миёни борики Приянка Чопра куҷо шуд? ...-Китоб ба он хотир “Нотамом” ном гирифтааст, ки ман чунин ҳис мекунам. Вақте ба Амрико кӯчидам, ҳаёти навро шурӯъ кардам, аммо китоб фаъолияти 20-солаи гузаштаи маро дар бар мегирад. Агар росташро гӯям, он китоб маро метарсонад, зеро он чандин ҷойҳои нозуки маро ба хонанда мерасонад. Дар бораи он чизҳое гуфтаам, ки қаблан боре ҳам нагуфта будам ва ин хеле даҳшатнок аст... Чаро мо рӯза медорем? ...Аз Абдуллоҳ ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: “Ҳар касе, ки садақаи фитрашро адо кард, Аллоҳ таъоло ба он банда даҳ чиз ато менамояд. Аввал, ҷасади он бандаро пок мегардонад. Дувум, ӯро аз оташи дӯзах озод мегардонад. Савум, рӯзаашро қабул мегардонад. Чорум, биҳиштро бар он банда воҷиб мегардонад. Панҷум, он банда аз гӯр эмин бармехезад. Шашум, дар он сол ҳар чизе, ки хайр кунад, мақбул мешавад. Ҳафтум..  БАЪДИ МАРГИ БОБОЯМ МАРО АЗ ХОНА РОНДАНД ...Хушбахтона, дар ҳамон шабу рӯзҳо зани хайрхоҳе маро ба тарбияи худаш гирифт. Дар хонаи он зан муддати 8 сол кор кардам ва маро оиладор кард. Айни замон ба синни 34 даромада, то ҳол фарзанддор нашудаам. Барои пеш бурдани зиндагӣ дар бозори “Корвон” ароба мекашам. Бо сабаби он ки иҷоранишин ҳастем, занам мегӯяд, ки то хона нахарӣ, соҳиби фарзанд намешавем. Вақте ки аз ӯ сабаби ҳомиладор нашуданашро мепурсам, мегӯяд, ки агар зиндагӣ кардан нахоҳам, баромада равам... Чаро пӯсти рӯй дар баҳор мекафад? ...Лабсурхкунаки номувофиқ ё начандон босифат метавонад пӯсти лабҳоро хушк намояд. Дар чунин ҳолат онро иваз кунед ва аз он навъе харидорӣ намоед, ки хубтар медонед. Лабсурхкунаки устувор барои лабҳои нозуку ҳассос зараровар буда метавонад. Он аз ҳисоби чуқур ворид шудани рангҳояш ба пӯсти лаб дергоҳ боқӣ мемонад. Дар натиҷа лабҳо хушк мешаванд. Аз чунин лабсурхкунак зуд-зуд истифода набаред... Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 14-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 14-уми апрели соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед. Духтар мезоед ё писар? Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52 “Маро танҳо нагузор” Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”. Оила ва Ислом Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед. СМС-ҳои ошиқона Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед! подробнее тдж: https://oila.tj/news/badi-margi-boboyam-maro-az-khona-rondand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.