расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошт гардидани якчанд ҷавон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

. / Ҳаводис

Боздошт гардидани якчанд ҷавон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ бо ариза ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳраки Ошобаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми феврали соли 2021, тахминан соати 22:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад таҷҳизоти барқии кафшергариро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷоноби кормандони милитсия 4 ҷавони 19-солаи сокинони шаҳраки Ошоба бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.