расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ҲАМСАР ДАР ЗАМИНАИ РАШКИ БЕАСОС

. / Ҳаводис

ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ҲАМСАР ДАР ЗАМИНАИ РАШКИ БЕАСОС

Султонов Мирзомалик, сокини 32-солаи ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун бо иттиҳоми одамкушӣ дастгир шудааст. Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон дар  шарҳи ин қазия гуфт, “Султонов Мирзомалик, соли таваллудаш 1989, ҳамсараш Мирова Гулнигор, соли таваллудаш 1987-ро, дар пайи рашки беасос, дар дохили бошишгоҳи саҳроӣ, бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш задааст, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Баъдан Султонов М. бо корд ба бадани худ низ чанд зарба мезанад.
Дар додситонии ноҳияи Ҷайҳун нисбат ба Султонов Мирзомалик бар асоси қисми якуми моддаи 104 КҶ ҶТ бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ барои қатли ҳамсараш то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар ин авохир аз Тоҷикистон хабарҳо дар бораи қатлҳои хонаводагӣ, аз ҷумла қатли ҳамсар бо дасти шавҳар ва баракс зиёд ба даст мерасанд. Дар аксари мавридҳо занон дар заминаи рашк қурбони шавҳарони бадрашк мешаванд.

Ошкор шудани ҷинояти куштор

Дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ дар ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун, сокини ноҳияи мазкур Султонов Мирзомалик, соли таваллудаш 1989, ҳамсараш Мирова Гулнигор, соли таваллудаш 1987-ро, дар пайи рашки беасос, дар дохили бошишгоҳи саҳроӣ, бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш задааст, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Баъдан Султонов М. бо корд ба бадани худ низ чанд зарба мезанад.
Куштори бераҳмонаи ин зан бори дигар аҳли ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки дар миёни мо ҳастанд нафароне, ки қадру манзалати инсонҳо назди ин тоифаи разилу камназар қиммате надорад.
Нисбати Султонов Мирзомалик дар Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия
Манбаъ: https://vkd.tj/index.php/tj/ruydodho/30912-744525udani-inoyati-kushtor

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.