расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Охири ҳафта ҳаво дар Тоҷикистон 2 дараҷа хунук мешавад, ҳатто барф пешгӯйӣ мешавад

. / Ҷомеа

Охири ҳафта ҳаво дар Тоҷикистон 2 дараҷа хунук мешавад, ҳатто барф пешгӯйӣ мешавад

Дар аксари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ борон ба барф мубаддал мегардад.

Сурат: mir24.tv
Рӯзҳои 13-14 марти соли ҷорӣ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар Ноҳияҳои тобеи марказ (НТҶ), вилояти Хатлон, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд эҳтимолияти ба амал омадани боришоти бошиддат дар назар аст.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои алоҳидаи НТҶ ва вилояти Хатлон рӯзҳои 13 то 14 март ба амал омадани боришоти пуршиддат пешгӯӣ мешавад. Дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ рӯзи 14 март борон ба барф мубаддал мегардад.
Гуфта мешавад, ба истиснои ВМКБ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 17-22м/с, дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифта то 20-25м/с мевазад.
Рӯзи 14 март дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-150 паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзи 14 март дар пойтахт боришот (борону барф), баъзан пуршиддат дар назар буда, ҳарорат рӯзона дар сатҳи 0-2 дараҷа хунук пешбинӣ мешавад.
Рӯзи 14 март бо сабаби якуякбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумуҳурӣ эҳтимолияти зиён дидан ва қисман нобудшавии зироатҳои хоҷагии кишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 11-15 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти фаромадани тарма ва сангреза пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва НТҶ фаромадани сел дар назар аст.
Рӯзҳои 14 ва 15 март дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Обихингоб, Қизилсӯ, Ёхсӯ эҳтимолияти баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.