расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Касе, ки мегуфтанд тиллову долларҳои қочоқӣ ба Тоҷикистон моли ӯянд, дигар муовини порлумони Афғонистон нест

. / Ҷаҳон

Касе, ки мегуфтанд тиллову долларҳои қочоқӣ ба Тоҷикистон моли ӯянд, дигар муовини порлумони Афғонистон нест

Ба ҷойи ӯ вакили дигаре муовини нахусти раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст.

Мирзо Катавозай
Сурат: Акс аз саҳфаи фейсбукии Катавозай
Муҳаммад Мирзо Катавозай муовини акнун собиқи раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси ҷирга)-и Афғонистон, ки  Телевизиони “1”-и ин кишвар ӯро соҳиби 90 кг тиллову 15 млн доллари қочоқии ошкоршуда дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе номида буд, дар интихоботи дарунмаҷлисии порлумони Афғонистон мақоми худро аз даст додааст. 
Мутобиқи қонунгузории Афғонистон дар ҳайати идорӣ (раҳбарӣ)-и Маҷлиси намояндагони ин кишвар ҳар сол (то поёни давраи ваколати маҷлис) як бор интихобот баргузор мешавад. Дар интихоботи нави ҳайати идорӣ Аҳмад Ҷовид Ҷайҳун ба ҷойи Мирзо Катавозай муовини нахусти раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон интихоб шудааст. 
Қазияи қочоқи 90 кг тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баҳсҳои фаровоне дар Тоҷикистон дошт. Ин миқдор тилло ва арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон миёнаҳои моҳи ноябри соли 2020 дар фурудгоҳи Душанбе ошкор шуда буд, ки ахиран бино ба гуфтаи мақомоти қудратии Тоҷикистон ин парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мебарад ва 9 нафар - 7 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд. 
Парвандаи ин қазия ба Додгоҳи олии Тоҷикистон рафтааст, вале то кунун ҳукми додгоҳ содир нашудааст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.