расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Чин нахустин кишварест, ки шиносномаҳои воксинӣ ҷорӣ кард

. / Ҷаҳон

Чин нахустин кишварест, ки шиносномаҳои воксинӣ ҷорӣ кард

Мухолифон мегӯянд, ин ба ҷиҳати назорати пурра ва фарогири шаҳрвандон имкон медиҳад.


Сурат: bbc.com
Дар Чин бори нахуст барномаи додани шиносномаҳои ваксинӣ роҳандозӣ шуд. Тавре ВВС менависад, мухолифони ин кор мегӯянд, ин ба Пекин барои назорати пурра ва фарогири шаҳрвандон имкон медиҳад.
Ин ҳуҷҷатест, ки ҳар шаҳрванде, ки воксин зада шудааст метавонад аз пойгоҳи махсуси рақамӣ онро боргирӣ карда, барои сафар ба хориҷаи кишвар пешниҳод кунад.
Сарусадоҳо дар бораи ҷорӣ намудани ба ин монанд шиносномаҳо дар аксари кишварҳои дунё ҷараён доранд.
Ҷонибдорони ин ташаббус мутмаинанд, ки он ба ҳарчи зудтар ифтитоҳи сарҳадҳои байнулмилалӣ ва барқарор сохтани иқтисоди ҷаҳон кумак мекунад. Мухолифон изҳор мекунанд, ки чунин шиносномаҳо қадами аввал ба ҷорисозии назорати фарогири ҳукумат аз болои шаҳрвандон аст.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, давоми тамоми давраи пандемияи коронавирус 117,2 млн нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 2,6 млн кас бар асари он фавтиданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.