расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳоҷӣ Икром гурехтааст, дигарон ба даст афтоданд…

. / Ҳаводис

Ҳоҷӣ Икром гурехтааст, дигарон ба даст афтоданд…


Роҳбари гуруҳ Каримов Икром бо тахаллуси Ҳоҷӣ Икроми 41-сола сокини ноҳияи Ёвон будааст ва ин маводи мухаддир бо маслиҳати ӯ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкорсозии як гурӯҳи ҷиноӣ хабар додааст, ки дар кишвар ба интиқолу паҳнсозии маводи мухаддир даст мезадаанд
Воҳидулло Валади Мирафғони 29-солаи шаҳрванди Афғонистон ҳангоми интиқоли маводи нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуд.
Ҳангоми кофтуков аз ӯ 79 килою 974 гарм ҳашиш, 20 килою 72 гарм афъюн ва 2 килою 410 грам метаамфитамин кристал, дар умум 102 килою 984 гарам воситаҳои нашъадор дарёфту мусодира гардид. Воҳидуллоҳ зимни бозпурсӣ гуфтааст бо даъвати шариконаш аз Тоҷикистон ба ин кор ҳамроҳ шудааст. «Ҳоҷифирадвс, ки маро гуфт биё мерем Тоҷикистон ба тоҷикӣ гап мезад. Гуфтанд ҳаминҷо маводи мухаддир аст, як мошини тоҷикӣ меод ва сад доллар медиҳаду бор мекунад. Мошини тоҷикӣ омад маводи мухаддирро бор кард ва ман низ савори мошин шудам, ки пулисо доштанд»,-мегӯяд ин шаҳрванди Афғонистон.
Роҳбари гуруҳ Каримов Икром бо тахаллуси Ҳоҷӣ Икроми 41-сола сокини ноҳияи Ёвон будааст ва ин маводи мухаддир бо маслиҳати ӯ ба Тоҷикистон ворид шудааст.Нафарони паҳнкунанда Шарипов Шералии 56-солам сокини Панҷ, Абдуллозода Худшед бо тахаллуси Ҷамшед сокини Ёвон, Давлатов Саиди 36-сола сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Яъқуби Абдулмаҷид шаҳрванди Афғонистон мебошад.
Саркардаи гуруҳ Ҳоҷӣ Икром ва Яъқуби Абдулмаҷид дар пайгард қарор доранд ва нисбат ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.