расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 17-уми феврали соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 8 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 17 ва 15-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Заргари ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули-Сурхи шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 1-уми ба 2-юми феврали соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз дӯкони зани 33-солаи сокини шаҳри Панҷакент, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, либосҳои кӯдакона, мардона ва занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.