расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Вохӯрии мақсаднок дар Коллеҷи техникӣ

. / Ҳаводис

Вохӯрии мақсаднок дар Коллеҷи техникӣ

1560
Ҷавонон бахусус донишҷӯён нерӯи тавоно ва созандаи ҷомеаву давлат ба ҳисоб рафта, пешрату шукуфоӣ ва тараққиёти мамлакат аз ин қишри ҷомеа вобастагии амиқ дорад. Кормандони ВКД ҷиҳати пешгирии ба кирдорҳои хилофи қонун даст задани ин неруи тавоно пайваста чорабиниҳои мақсаднок доир менамоянд.
Бо ин мақсад рӯзи 18 феврали соли 2021 кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД дар Коллеҷи техникӣ бо донишҷӯёни ин боргоҳи илм вохӯрии мақсаднок баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ ҷавонони фаъол ва намояндагони бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Шоҳмансур ва падару модарони муҳассилини коллеҷ иштирок намуданд. Роҳбарияти коллеҷ бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, аз заҳмату корнамоиҳои кормандони милитсия ёдовар гардида, иброз дошт, ки робитаву ҳамкории донишҷӯён бо кормандони милитсия ҳарчӣ бештар ба роҳ монда шавад, ҳамон қадар ба пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Мирзозода Абдулқодир суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки ки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, ободӣ, пойдории сулҳу суботи кишвар аз онҳо вобастагии калон дорад. Ҷавонон бояд вақти таҳсили худро танҳо дар омӯхтани илму дониш сарф намуда, ба беҳудагардию шиносоӣ бо ашхоси тасодуфӣ роҳ надиҳанд. Дар мубориза ва муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамеша метавонанд ба мақомоти милитсия такя кунанд.
1561
Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти коллеҷ барои ташкили чунин як вохӯрии судманд ба кормандони милитсия изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.