расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардонов боздошт шуд

Ҷомеа / Иқтисодиёт

Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардонов боздошт шуд

Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон таъйид кард, ки Парда Алимардонов бародари Муродалӣ Алимардонов боздошт шудааст
 Фахриддин Акрамзода, муовини раёсати тафтишоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни як нишасти хабарӣ дар дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, Парда Алимардонов бо иттиҳоми тасарруфи маблағ боздошт ва дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Номбурда гуфт, Парда Алимардон ба тасарруфи 90,1 миллион сомонӣ гумонбар дониста шуда, нисбаташ тафтишот ҳоло идома дорад.
Пардаалӣ Алимардон, бародари Муродалӣ Алимардон роҳбари Корпоратсияи “Баракат”, буд, ки аксар маблағҳои "Агроинвестбон" тариқи он ҳайфу майл мешуд.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Пардаалӣ Алимардон ба иттиҳоми тасарруфи маболиғи бузург моҳи апрели соли равон аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад.
Ӯ ва даҳҳо нафари дигар ба хотири ҳайфу майли миллионҳо сомонӣ маболиғи “Агроинвестбонк” боздошт шудаанд.
Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардонов дар гузашта аз афроди калидии ҳукумати Тоҷикистон буд, ки дар мақомҳои гуногун аз ҷумла раиси Бонки миллӣ ва ноиби нахуствазир кор карда, аз соли 2015 то ҳол раёсати “Агроинвестбанк” – ро бар дӯш дорад.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20210216/1032832362/Parda-Alimardon-barodari-Murodal-Alimardonov-bozdosht-shud.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.