расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Дабири кулли СААД имрӯз ба Тоҷикистон меояд

. / Варзиш

Дабири кулли СААД имрӯз ба Тоҷикистон меояд

Ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.

Станислав Зас
Сурат: e-cis.info
Дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус сафари дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас ба Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 ба санаи дигар гузаронида шуд.
Дабири кулли СААД Станислав Зас имрӯз, 16 феврал ба Душанбе меояд. Ин сафари аввалини ӯ ба Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он ӯ бо президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарияти сохторҳои қудратии ҳукумат дидору гуфтушунид мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Бо назардошти раёсати ҳозираи Тоҷикистон дар СААД, дар гуфтушунидҳо масоили ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар доираи Созмон ва дурнамои густариши минбаъдаи робитаҳои бисёрсоҳавӣ дар он баррасӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки соли 2021 раёсат дар СААД ба Тоҷикистон гузашт. Дар ин робита, нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмон (Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) тобистони ҳамин сол дар Душанбе баргузор мешавад.
Мансаби Дабири кулли Созмонро Станислав Зос аз 1 январи сооли 2020 бар дӯш дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.