расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ИШҚИ ДУХТАРИ 16-СОЛА МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО ХОНАВАЙРОН КАРД

. / Ҳаводис

ИШҚИ ДУХТАРИ 16-СОЛА МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО ХОНАВАЙРОН КАРД

Эраҷ Шарипов, муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки дар шаҳри Перм кору зиндагӣ мекунад, имрӯзҳо ба қаҳрамони матбуоти рус табдил ёфтааст. Ин ҷавони тоҷик чанд сол қабл бо Зинаида ном ҷавонзани рус издивоҷ намуда, соҳиби 5 фарзанд гаштааст, аммо тавлиди пай дар пайи кӯдакон низ натавонист пойдевори ин оиларо мустаҳкам созад.
Бо баҳонаи он ки ҳамсараш ошиқи шароб гашта, пайваста машруботи спирти менӯшад, Эраҷ аз Зинаида ҷудо шуда, зани тоҷик мегирад. Эҳтимол шумо гумон кунед, ки як бор дар зиндагӣ сахт шикаст хӯрда, ин ҷавон ба қадри бахт ва хонаву дари обод мерасидагӣ шудааст, аммо дар асл чунин нест. Эраҷбой бо зани тоҷикаш низ забон ёфта натавонист ва талоқашро доду бо ду фарзанд ӯро дар нимароҳи зиндагӣ танҳову зор монда, боз роҳи Русияро пеш гирифт. Ҳамин тавр ин ҷавони булҳавас мисли замбӯр аз як гул ба гули дигар парида, аз зиндагӣ лаззат мебурд. Сайди навбатии Эраҷ як духтараки 16 сола аст ва онҳо аллакай соҳиби як писарча ҳам гаштаанд. Волидони духтар аз ин издивҷ чандон шод нестанд, аммо зану шавҳари ҷавон худро хушбахттарин ҷуфти олам меноманд. Ба хотири маҳбубаи 16-солааш Эраҷ аз баҳри ду зан ва 7 фарзандаш гузашта, эҳсосоти навашро ишқи ҳақиқӣ мешуморад, аммо журналистони рус ба оқибати нек доштани ин пайванд боварӣ надоранд. Аз ҷумла Юлия Барановская, ровии барномаи “Мужское /Женское” мегӯяд, марде, ки ба хотири як духтари ноблиғ бе ягон андеша аз баҳри оилаву фарзандонаш гузаштааст, метавонад ҳамин тавр ба осонӣ ба хотири зани дигар аз баҳри ишқи наваш низ бигзарад. подробнее тдж: https://oila.tj/news/ishi-dukhtari-16-sola-muoiri-toikro-khonavayron-kard

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.