«Таваққуфгоҳ» «бизнес»-и кист?

Ронандагон аз он шикоят мекунанд, ки пас аз гузоштани аломатҳои манъи таваққуф дар роҳҳои маконҳои серодаму серрафтуомад, бахусус назди бозорҳои калон ва беморхонаҳои шаҳри Душанбе, вазъашон бадтар гашту беҳтар не.

Ба гуфтаи ронандагон, эшон вақти зиёдашонро дарҷустуҷӯи пайдо кардани ҷой барои мошинҳояшон мегузаронанд. Онҳо мегӯянд, дар чунин маконҳо бо вуҷуди пардохти маблағ ба «стоянчик» наметавонанд сари вақт барои нақлиёташон ҷой ёбанд ва саргардониашон бештар гаштааст.

Фарҳат ном ронанда аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки рӯзи якшанбе ба бозори «Султони Кабир» барои харид рафтааст ва дар ҷустуҷӯи ҷой барои мошинаш вақти зиёде сарф намудааст. Ӯ мегӯяд, ки «гирди бозор гаштам, вале бо сабаби аломатҳои гузошташудаи манъи таваққуф натавонистам мошинамро дар ҷойи наздиктар ба бозор гузорам».

- Ноилоҷ ба таваққуфгоҳи бозор даромадам. Кошкӣ намедаромадам. Қариб 30 дақиқа вақтамро дар ҷустуҷӯи ҷой гузаронидам. Як бетартибӣ, бенизомӣ. Ҷой нест, мошинҳоро пушти ҳам гузоштаанд, на пеш рафта мешавад, на ба қафо гашта, роҳ банд. Масъулони таваққуфгоҳ мошинҳоро ҷой карда наметавонанд. Фақат вақти даромад пулро мегиранду дигар тамом. Дар дохил ҷой меёбӣ, намеёбӣ, он тарафаш кори худат. Манҳам мошинамро пушти мошине гузошта, аз пайи корам рафтам. Баъди соате омадам, ки соҳиби мошини дигар интизор шуда нишастааст. Пеш аз оне, ки роҳҳои назди бозорҳоро аз мошинҳо тоза кунанд, бояд аввал таваққуфгоҳҳо сохта шавад, то низому тартиб бошад,- мегӯяд Фарҳат.

Аз бенизомию бетартибии нақлиёт, доду мағал ва садои сигнали мошинҳо дар назди беморхонаи Қарияи Боло низ шикоят зиёд аст. Зеро бо пеш кардани мошинҳо (ҳамарӯза аз субҳ то шом ҳудуди қариб 200 адад мошин хати аввали роҳро ҳамчун таваққуфгоҳ банд мекарданд) аз сари роҳи асосӣ ронандагон маҷбур мешаванд, ки нақлиёташонро ба ҳудуди беморхона дароранд, ё ба қавле аз «стоянка»-и назди он истифода баранду ҳатман барои он 1 сомонӣ маблағ супоранд. Вале касе эътироз намекунад, ки чаро аз эшон маблағ меситонанд? Барои чӣ? Барои кӣ? Магар ин ҷоро таваққуфгоҳ гуфтан мумкин аст? Ва ё магар ин ҷоро ба сифати таваққуфгоҳ истифодакардан мумкин аст? Ба ҳоли зори дарахтони назди беморхона касе раҳм намекунад, зеро бо сабаби рафтуомади зиёди мошинҳо замини зери дарахтон сахт гардидаву як ҳолати ногувор ҳукмфармост. Ин дар ҳолест, ки бояд назди беморхонаҳо тозаву озода, заминаш мулоимкардаву гулшинонда бошад. 

Пас аз мушоҳидаҳоямон ба хулосае омадем, ки ин ҷойро манфиатдорон худсарона ба таваққуфгоҳ табдил додаанду аз беморону бемордорон пули бедарди миён меғундоранд. Қисмати ками наздики дарвозаи беморхонаро шағал рехта, гӯё таваққуфгоҳ кардаанд, вале дар қисматҳои дигараш мошинҳо даруни лою об, миёни дарахтон, бетартибу бенизом гузошта мешаванд. Дар ин мавзеъ, ки тахминан 600-700 адад мошинҳои эҳтиёҷмандон дар як вақт ҷой дода мешаванд ва шояд ҳамин теъдоди дигар даромадаву мебароянд, ҳама як сомонӣ пул медиҳанд. Ин маблағҳои ҷамъшуда ба кисаи кӣ медарояд? Ин «бизнес»-и кӣ аст?

Аз суҳбате, ки бо таксирони ин макон доштем, ин ҷо ҷойҳо тақсим карда шудаанд.Қисмати аз дарвоза чапи ин «таваққуфгоҳ»-ро соҳибкоре, ки он ҷо мағоза дорад, соҳибӣмекунад. Ӯ девори ин беморхонаро рангубор кардаву таъмир намудааст ва ин ҷойро соҳиб шудааст. Ба қавли ронанда, қисмати росташ бошад, аз кадом як духтур будааст.

Бо нафаре, ки масъули пулғундорӣ, яъне «стоянчик» буд, аз вазъи ногувори ин «таваққуфгоҳ» пурсон шудем. Гуфт, рӯзҳои якшанбе, вақте ки мошин камтар шуд, боз шағал мерезанд ва барои мошинҳо ҷой тайёр мекунанд. Ӯ мегӯяд, на ҳама пули «стоянка»-ро медиҳанд ва ӯро маҷбур намекунанд.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки агар дар ҳақиқат ин макон таваққуфгоҳ аст, пас дастандаркорони муҳтарам, биёед онро ба таваққуфгоҳи замонавӣ табдил диҳед, таъмир кунед, ҷой барои мондани мошинҳо муайян намоед, даромаду баромади нақлиётро танзим кунед!

Вақте он ҷо қарор доштем, дидем, ки ҳатто мошини «Ёрии таъҷилӣ», ки дохилаш бемор буд (зеро садои «серена»-аш баланд буду ҳатто ронандааш хоҳиш мекард, то роҳро зудтар кушоянд) дар роҳ ба сӯи даромадгоҳи беморхона қариб 5-6 дақиқа дар тамбаи нақлиёти назди дарвоза банд монд.

Чунин вазъро назди беморхонаи «Шаҳрчаи тиббӣ» («Медгородок») вохӯрдан мумкин аст. Таваққуфгоҳи замонавӣ дуртар аз назди дарвозаи беморхона ҳаст, вале мутаассифона майдонаш хурд буда, нақлиёти камтар меғунҷад. Ҳарчанд дар ду тарафи роҳ ба сӯи дарвозаи беморхона аломати манъи таваққуф гузошта шуда бошад ҳам, вале ба ин нигоҳ накарда, роҳ аз ду тараф бо мошинҳо банд карда шудааст ва танҳо дар байн 2,5-3 метр роҳча аст, ки як нақлиёт базӯр имкони гузар меёбад. Доду мағали ронандагони таксӣ ва рафтуомади зиёди донишҷӯёну бемордоронро намегӯем.

Шамсулло Фозилов


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон