расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд

Асосӣ / Сиёсат

Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд




Худоёр Худоёрзода

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд. Дар фармони раиси ҷумҳур, ки рӯзи 31-уми август нашр шуд, сабаби барканории Худоёрзода баромадан ба синни нафақа гуфта шудааст. Бар асоси фармони президент, Азим Иброҳим, вазири нави нақлиёт таин шудааст. Азим Иброҳим то ин вақт муовини нахуствазир буд.
Номи Худоёр Худоёрзода рӯзи 11-уми август баъди хабари қасди худкушиаш дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Додситонии кулл гуфт, Худоёрзодаи 62-соларо субҳи 11-уми август бо захми корд дар шифохонаи "Истиқлол" бистарӣ карданд. Додситонӣ расман хабар дод, ки вазир қасди худкушӣ дошт ва ӯро наздиконаш наҷот доданд.
Худоёрзода дар як тамоси кутоҳи телефонӣ 19-уми август ба радиои Озодӣ, дар бораи қасди худкушиаш шарҳ надод ва ҳамзамон гуфт, намедонад, кай аз беморхона рухсат мешавад.
Худоёр Худоёзода аз моҳи январи соли 2017 вазири нақлиёти Тоҷикистон аст. Дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2013 то 2017 ҳамчун раиси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон кор кардааст.
Азим Иброҳим, вазири нави нақлиёти Тоҷикистон 58 сол дошта, пештар дар вазифаи Сардори идораи геология ва раиси ноҳияи Сино кор кардааст. Ӯ яке аз муовинони фаъоли сарвазири Тоҷикистон буд ва ҳамзамон раҳбарии Комиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ба ӯҳда дошт ва феълан маълум нест, ки сабаби поин омадани мақоми ӯ чӣ аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.