расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Сарнавишти донишҷӯёне, ки ба донишгоҳҳои хориҷӣ қабул шудаанд, ҳанӯз норӯшан аст

. / Ҳаводис

Сарнавишти донишҷӯёне, ки ба донишгоҳҳои хориҷӣ қабул шудаанд, ҳанӯз норӯшан аст

Вазорати маориф мегӯяд, ки то кунун бархе кишварҳо марзҳои худро барои донишҷӯён низ боз накардаанд.

Акси бойгонӣ
Сурат: Хадамоти матбуоти Прзеиденти Тоҷикистон
Вазири маорифи ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун сарнавишти донишҷӯёни тоҷике, ки ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ пазируфта шудаанд, норӯшан аст. Ин нуктаро Муҳаммадюсуф Имомзода, имрӯз, 5 феврал дар нишасти хабарии ниҳодаш ба хабарнигорон гуфт.
"Дар ин масъала то имрӯз ҳеч пешрафте нест. Бештари квотаҳоро Русияву Чин пешниҳод карда буданд. Аммо то кунун ин кишварҳо иҷозаи ворид шуданро намедиҳанд. Шумораи ин донишҷӯён 3530 нафар аст, ки ҳамаи онҳо дар хонаҳояшон ҳастанд ва фосилавӣ таҳсил мекунанд",-гуфт Имомзода
Масъалаи донишҷӯёни тоҷике, ки ба донишгоҳҳои хоиҷӣ пазируфта шуданду вале бар асари ҳамагирии коронавирус, ки марзҳои кишварҳо бастаанд, натавонистанд ба макони таҳсили худ бираванд, яке аз мавзуъҳои доғ аст.
Пештар бархе аз донишҷӯён, ки ба донишгоҳҳои Русия пазируфта шудаанд, ба назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон барои додхоҳӣ рафта буданд ва хостори ҳалли мусбати қазияашон шуда буданд. Аммо то кунун дар ин маврид ҳеч пешрафте сурат нагирифтааст.
Гуруҳе аз донишҷӯён, ки моҳи ноябар дар назди сафорати Русия барои додхоҳӣ рафта буданд
Пештар вазорати маориф гуфта буд, ки то ҳал шудани масъалаи рафтани ин донишҷӯён ба макони таҳсили худ, онҳо таҳсилро метавонанд дар тахассусҳои мушобеҳ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон давом бидиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.