расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » “Фолбин”-и варзобӣ душанбегиҳоро сеҳру ҷоду карда, боз худаш онро мебаровард

. / Ҳаводис

“Фолбин”-и варзобӣ душанбегиҳоро сеҳру ҷоду карда, боз худаш онро мебаровард

Ӯ боздошт шуда, панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад.

Сурат: dushanbepolice.tj
Сокини ноҳияи Варзоб Ҷаҳонгир Бобомуродови 26-сола ба корҳои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар Душанбе машғул буд. Ӯ ҳангоми гузаронидани амали сеҳру ҷодуи навбатиаш боздошт шуд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, бо ҳазорон макру ҳила ашёи барои сеҳру ҷоду истифодашавндаро худ омода ва дар қабристону манзили истиқоматии ҷабрдидагон пинҳон мекардааст.

“Баъдан муроҷиаткунандаро бовар мекунонидааст, ки ӯро сеҳру ҷоду кардаанд ва барои боварӣ ашёи қаблан пинҳоннамудаи худашро бароварда, гӯиё сеҳру ҷодуро тоза мекардааст”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Гуфта мешавад, ба ин васила шаҳрвандон ба номбурда ҳамчун нафари сеҳргару ҷинбарор эътиқод намуда, ба ӯ маблағҳои пулӣ ва чорвои худро туҳфа мекардаанд.
Зикр мегардад, ки  вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршуда барои амалҳои мардумфиребонааш тибқи талаботи моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.